Сипоси Тоқаев аз Раҳмон барои фиристодани низомиёнаш ба Қазоқистон

Дар як суҳбати телефони роҳбарони ду кишвар раванди рушди вазъият дар Қазоқистонро баррасӣ намуданд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 8 янв – Sputnik. Бинобар иттилои дафтари матбуотии раисҷумҳури Тоҷикистон, ахиран суҳбати телефонии Эмомалӣ Раҳмон бо Қосимҷомарт Тоқаев баргузор гардид.
Тибқи иттилои манбаъ, дар ҷараёни суҳбат сарони давлатҳо раванди рушди вазъият дар Қазоқистонро баррасӣ намудаанд.
Ҳамчунин манбаъ қайд кардааст, ки Қосимҷомарт Тоқаев ба роҳбари Тоҷикистон дар бораи андешидани тадбирҳои амалӣ бо мақсади таҳти назорат гирифтани вазъият, барқарор намудани сулҳу оромӣ ва ҳамзамон ҳадафҳои ниҳоии саркардагони рӯйдодҳои фоҷеабор ҷиҳати ғасби ҳокимият дар ин кишвар ба таври муфассал маълумот дод.
Путину Тоқаев вазъи Қазоқистон ва иқдомоти СААД-ро баррасӣ карданд
Ҳамзамон зимни ин гуфтугӯи телефонӣ раисҷумҳури Қазоқистон ба Эмомалӣ Раҳмон ва кулли мардуми Тоҷикистон барои дастгирӣ ва ирсоли ҳайати маҳдуди низомиёни ҷумҳурӣ ба Қазоқистон дар қатори нерӯҳои муттаҳидаи сулҳофари СААД барои мусоидат ба ҳифзи тартиботи ҳуқуқӣ ва таъмини субот изҳори сипос кардааст.
Ёдрас мешавем, ки чанде пеш Владимир Путин бо ҳамтои қазоқаш Қосимҷомарт Тоқаев чанд гуфтугӯи телефонӣ анҷом дода буд.
Тибқи иттилои сомонаи Кремлин, раисҷумҳури Русия бо ҳамтои қазоқаш вазъи Қазоқистон ва иқдомоти СААД дар доираи салоҳияти ин созмонро баррасӣ кард.
"Онҳо вазъ дар ҷумҳурӣ, иқдомоти муштарак дар чаҳорчӯби салоҳияти СААД дар мубориза бо терроризми байналмилалӣ ва таъмини тартибот ва амнияти шаҳрвандони Қазоқистонро баррасӣ карданд", - омадааст дар хабари Кремлин.
Тоқаев: Ба сӯйи террористон бидуни огоҳӣ шиллик кунед
Илова бар ин Владимир Путин бо раҳбарони дигари кишварҳои СААД, руасои ҷумҳуриҳои Қирғизистон, Беларус ва Тоҷикистон Содир Ҷабборов, Александр Лукашенко ва Эмомалӣ Раҳмон гуфтугӯ кардааст. Вай инчунин бо сарвазири Арманистон Никол Пашинян гуфтугӯи телефонӣ доштааст.
Ёдовар мешавем, эътирозҳои оммавӣ дар Қазоқистон аз аввали соли 2022 идома доранд. Ду баробар боло рафтани қимати гази моеъ ба ин тазоҳурот сабаб шуд, ки хашми шаҳрвандони ин кишварро барангехт.
Комиссияи ташкилшудаи ҳукуматӣ омодагии худро барои паст кардани нарх эълон кард, аммо эътирозҳо ба шаҳрҳои дигар доман паҳн карданд. Аз ҷумла дар Алмаато рӯзҳои чаҳоруму панҷуми январ миёни сокинону маъмурони амниятӣ задухӯрди шадид рух дод.