Мулло Абдулғанӣ Бародар авзои Афғонистонро ҳассосу ногувор медонад

Муовини аввали нахуствазири давлати толибон аз ҷомеаи ҷаҳонӣ мехоҳад, то бидуни дарназардошти масоили сиёсӣ кумакҳои башариро ба Афғонистон фароҳам бисозанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 8 янв – Sputnik. Мулло Абдулғанӣ Бародар дар як паёмаш ба кишварҳо ва созмонҳои байналмилалӣ гуфтааст, ки сокинони бисёре аз манотиқи Афғонистон ба таври оҷил ниёз ба ғизо, манзил ва кумаки пулӣ доранд, иттилоъ додааст Sputnik Афғонистон дар истинод ба сойти “Ҳоф”.
"Дар ин вазъияти сангин мардуми Афғонистон ба кумакҳои фаврии башардӯстонаи ҷаҳон ниёз доранд ва баста шудани дороиҳои кишвар дар бонкҳои Амрико вазъро мушкилтар кардааст ва ҳоло мардум ба ғизову сарпаноҳ ниёз доранд, ки бояд фавран таъмин карда шаванд”, -гуфт ин мақомдори аршади давлати толибон.
Муовини аввали нахуствазири давлати толибон ҳамчунин аз кишварҳо ва созмонҳои байналмилалӣ даъват кардааст, ки дар вазъияти буҳронии кунунӣ мардуми нодори Афғонистонро фаромӯш накунанд.
“Акнун ҷаҳон бояд новобаста аз ангезаҳои сиёсӣ ба ниёзмандони Афғонистон кумаки башардӯстона расонад ва бо фаро расидани фасли зимистон ниёзҳои мардум афзоиш ёфтааст”, - гуфт Мулло Абдулғанӣ Бародар,
Ин дар ҳолест, ки боришоти зиёди ахир умедвориҳоро барои коҳиши хушксолӣ дар кишвар бештар сохтаанд, аммо боришоти барф ва сарозер шудани селобҳо зиёнҳое ба бошандагони бархе аз манотиқ расондааст.
Толибон: Амнияти минтақа ва Афғонистон аз баракати мост
Ҳофиз Муҳаммади Яъқуб, сарпарсати Раёсати ҳолатҳои изтирории Вазорати фавоиди омма гуфт: "Дар пайи боришоти ахир дар бархе аз вилоятҳо мардум хисороти молӣ дида ва пулу пулчаҳо хароб шудаанд, аммо ба зудтарин фурсат барояшон кумакҳо расонида шудааст".
Дар ҳамин ҳол Абдунносир Раштиё, коршиноси сиёсӣ гуфт, агар ҷаҳон ба иҷрои шартҳояш, ки дар назди толибон гузоштааст, пойбанд бошад ва кумакҳои худро ба Афғонистон нафиристад, дар ояндаи наздик шоҳиди як фалокати башарӣ хоҳем шуд.
Созмонҳои башарӣ ҳушдор медиҳанд, ки зимистони феълӣ шароити зиндагии беш аз 20 миллион нафар дар Афғонистонро бадтар кардааст.
Дар ҳамин ҳол Созмони Милали Муттаҳид ахиран эълом кард, аз 8 миллиард долларе, ки барои кумак ба Афғонистон дархост кардааст, аллакай 1,5 миллиард доллараш ҷамъ шудааст.