Ҷалби беш аз 601 миллион доллар сармояи хориҷӣ ба Тоҷикистон дар соли 2021

Дар соли гузашта 601,7 миллион доллар сармояи хориҷӣ ба ҳавзаҳои мухталифи иқтисоди миллии Тоҷикистон ҷалб шуд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 8 янв – Sputnik. Дар соли гузашта 6,8 миллиард сомонӣ, муодили 601,7 миллион доллар сармояи хориҷӣ ба бахшҳои мухталифи иқтисоди миллии Тоҷикистон ҷалб шудааст, иттилоъ додааст хабаргузории “Форс”.
Ҳамчунин бо идораҳои марбута дастур дода шуд, то иқдомотеро барои густариши ҷазби сармояи хориҷӣ, бавижа сармоягузории мустақим барои саноати фароварӣ анҷом диҳанд.
Тибқи иттилои манбаъ, дар панҷ соли оянда барномарезӣ шуд, ки ҳаҷми сармоягузории мустақим ба 10 дарсад нисбат ба тавлиди нохолиси дохилӣ бирасад.
Завқизода: Нақшаи зиддибуҳронӣ таъсири омилҳои коронавирус ба иқтисоди миллиро кам кард
Дар ҳоли ҳозир ин кишвар дар ҳоли иҷрои 82 тарҳи сармоягузории давлатӣ ба арзиши беш аз 42 миллиард сомонӣ, муодили 3,7 миллиард доллар аст.
Ёдрас мешавем, чанде пеш мақомоти Тоҷикистон эълон карданд, ки сармоягузори бузурги Тоҷикистон Чин аст.
Ҳаҷми сармоягузориҳои Чин ба иқтисоди Тоҷикистон дар охири соли 2020 ба 3 миллиарду 15 миллион доллари амрикоӣ расид.
Вуруди сармоягузорӣ аз Чин дар соли 2020 152 миллион долларро ташкил дод, ки 120 миллион доллар аз он сармоягузориҳои мустақим мебошанд.
Тибқи иттилои манбаъ, саҳми сармоягузории Чин ба иқтисоди Тоҷикистон соли гузашта 35,5% аз ҳаҷми умумии сармоягузориҳои ҷалбшудаи хориҷиро ташкил кард.
Маҷмуан соли 2020 вуруди сармоягузории хориҷӣ 428,4 миллион долларро ташкил кард, ки аз онҳо 162,5 миллион доллар сармоягузориҳои мустақим ва 265,9 миллион доллар сармоягузориҳои дигар (қарзҳои имтиёзнок ва маблағгузориҳои дигари молиявӣ) мебошанд.
Завқизода гуфт, сатҳи камбизоатӣ дар Тоҷикистон чӣ қадар аст
Солҳои 2007-2020 аз 65 давлати ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон беш аз 10,3 миллиард доллар ҷалб карда шуд, ки тақрибан 30 фоизи он ба Чин рост меояд.
Пас аз он Русия (1,6 миллиард), Амрико (703 миллион), Бритониё (694 миллион), Қазоқистон (577 миллион) қарор доранд.
Бояд гуфт, ки сармоягузориҳои чинӣ тақрибан дар тамоми соҳаҳои иқтисоди Тоҷикистон мушоҳида шуда, иктишоф ва истеҳсоли канданиҳои фоиданок, алоқа, сохтмон, хадамоти молиявӣ, нерӯи барқ, инфрасохтор, саноати кимиё ва бофандагӣ, инчунин кишоварзӣ ва фароварии маҳсулоти кишоварзиро шомил мешаванд.