ДУШАНБЕ, 7 янв – Sputnik. Таркиш дар табобатгоҳи Маркази табобатии "Оби шифобахш", шаш нафарро ҷароҳатдор кардааст, хабар медиҳад Кумитаи ҳолатҳои фавқулода.
Ин табобатгоҳ дар ҷамоати деҳоти А.Абдулвосиев, деҳаи Чилламазори Ваҳдат воқеъ аст.
Рӯзи 5 январ, мутахассисони Озмоишгоҳи ҷумҳуриявии кимиёвӣ-радиометрии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ бо намояндагони прокуратураи шаҳри Ваҳдат барои муайян намудани сабаби ин таркиш ва ташхиси таркиби оби шифо вориди ин Маркази табобатӣ шудаанд.
"Ташхис нишон дод, ки дар таркиби оби шифои табобатгоҳ гази “пропан” мавҷуд будааст", - омадааст дар хабарнома.
Маълум нест, ки ин шаш нафар аз ҷумлаи беморон буданд ва ё шаҳрвандони солим.
Таркиш соати 22:00 рӯзи 3-уми январ рух додааст ва ин шаш нафар бо ҷароҳатҳои гуногун дар бемористон бистарӣ шудаанд.
Духтурон мегӯянд аз таркиши ногаҳонӣ чанд ҷойи бадани ин шаш нафар сӯхтааст. Кумитаи ҳолатҳои фавқулода дар шарҳи сабаби таркиш мегӯяд, иллати он ба пуррагӣ омӯхта нашудааст.