ДУШАНБЕ, 7 янв – Sputnik. Нерӯҳои дастаҷамъии посдори сулҳи СААД дар Қазоқистон ба ҳифзи иншооти стратегии давлатӣ машғул хоҳанд шуд, гуфт дабири кулли ин созмон Станислав Зас дар суҳбат бо РИА Новости.
Вай таъкид кард, ки нерӯҳои посдори сулҳи СААД ба афсарони интизомии Қазоқистон дар ҳифзи тартибот кумак хоҳанд кард.
"Агар дар бораи вазифаҳое, ки ба зиммаи онҳо гузошта шудаанд, сухан ронем, пас онҳоро метавон шартан ба ду вазифаи асосӣ тақсим кард. Якум - ҳифзи муҳимтарин объектҳои стратегӣ. Ва дуюм - мусоидат дар ҳифзи тартиботи ҳуқуқӣ, то мардум худро бехатар эҳсос кунанд", - гуфт Зас.
Ба гуфти дабири кулли СААД, низомиёни нерӯҳои посдори ин созмон метавонанд ҳангоми ҳамлаи гурӯҳҳои мусаллаҳ аз силоҳ истифода кунанд.
Ҳамзамон Зас гузоришҳо дар бораи ҳамла ва ишғоли Қазоқистонро интиқод кард. Вай таъкид кард, ки ангезаи аслии СААД кумак ба Қазоқистон аст.
"Ҳуҷум ё чизи дигар, бубахшед, умуман аблаҳии комил аст. Гӯш кардан ва хондан хеле нохушоянд аст, ки "онҳо аз вазъият истифода карданд "- ин тамоман сафсата аст", - гуфт Зас.
Эътирозҳо дар Қазоқистон
Тазоҳуроти оммавӣ дар Қазоқистон аз рӯзҳои аввали соли 2022 идома доранд.
Сабаби гирдиҳамоиҳо хашми шаҳрвандони Жанаозен ва Актауи вилояти Манғистау, ки дар ғарби кишвар аст, аз ду баробар боло рафтани қимати гази моеъ шудааст.
Комиссияи ташкилшудаи ҳукуматӣ омодагии худро барои паст кардани нархҳо эълон кард, аммо эътирозҳо ба шаҳрҳои дигар паҳн шуданд.
Масалан, рӯзҳои 4 ва 5 январ дар Алмаато миёни сокинон ва маъмурони амниятӣ задухӯрд ба амал омад, ки дар ҷараёни он пулис маҷбур шуд, аз газ ва норинҷакҳои садонок истифода кунад.
Дар пасманзари тезутунд шудани вазъ дар Қазоқистон аз соати 23:00 то 07:00 вазъи изтирорӣ ва комендантӣ ҷорӣ шуда, чорабиниҳои оммавӣ ва фурӯши силоҳ манъ карда шуд.
Раисиҷумҳури Қазоқистон Қосимҷомарт Тоқаев ҳукуматро барканор кард ва раҳбари Шӯрои амнияти ҷумҳурӣ шуду Нурсултон Назарбоев-раиси аввали давлатро аз ин мақом барканор намуд.
Илова бар ин, контингенти дастаҷамъии СААД бо дархости Тоқаев вориди кишвар шуд. Русия нирӯҳои десантии худро ба ҳавопаймои нерӯҳои ҳавоӣ фиристодааст, онҳо биноҳои ҳукуматӣ ва маъмуриро посбонӣ хоҳанд кард.
Қазоқистон ҳамчунин аз кишварҳои узви ин созмон: Белорус, Арманистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон кумаки низомӣ интизор аст.
Вазорати корҳои хориҷии Русия ҳодисаҳои Қазоқистонро як кӯшиши зӯроварӣ барои халалдор кардани амният ва якпорчагии давлат арзёбӣ мекунад.