Суҳбати Раҳмон бо Тоқаев, Мирзиёев ва Пашинян: аз умеди муколама то розигӣ ба ирсоли нерӯ

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, бо ҳамтои қазоқаш Қосим-Ҷомарт Тоқаев вазъ дар Қазоқистонро баррасӣ карда, изҳори умед намудааст, ки субот аз тариқи муколама барқарор мешавад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 6 янв — Sputnik. Раисиҷумҳури Тоҷикистон зимни суҳбати телефонӣ бо ҳамтоёнаш аз кишварҳои ҳамсоя, омодагии ҷумҳуриро барои иштирок дар таъмини сулҳу тартибот дар Қазоқистон баён доштаст.
Ба иттилои дафтари матбуоти президенти Тоҷикистон, суҳбатҳои Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарони Қазоқистону Ӯзбекистон рӯзи 6 январ ва сарвазири Арманистон 5 январ сурат гирифтанд.
Манбаъ афзуд, ки зимни суҳбат Тоқев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи вазъият дар кишвар ва тадбирҳои андешидааш барои эътидоли он маълумот дод.
Маълум шуд, ки Тоҷикистон чанд нафар низомиро ба Қазоқистон мефиристад
Раҳмон аз талошҳои Тоқаев ҷонибдорӣ намуда, изҳори умед кардаст, ки тавассути муколама барқарорсозии субот ва тартиботи ҳуқуқӣ имконпазир хоҳад шуд. Президенти Тоҷикистон ба ҳамтои қазоқаш инчунин омодагии ҷумҳуриро барои ширкат дар василаҳои сулҳофарии СААД эълом кардаст.
Вазъи Қазоқистон ҳамчунин аз мавзӯҳои меҳварии суҳбати Раҳмон бо Шавкат Мирзиёев, раисҷумҳури Ӯзбекистон будаанд. Онҳо изҳори умедворӣ карданд, ки оромӣ ва тартибот ҳарчи зудтар барқарор хоҳанд шуд ва омодагии худро барои таҳкими ҳамкориҳо дар бахши таъмини сулҳу амният дар минтақа таъкид намудаанд.
Тоҷикистон гуфт, дар амалиёти сулҳофарӣ дар Қазоқистон иштирок мекунад: изҳороти Душанбе
Никол Пашинян, сарвазири Арманистон, дар суҳбат бо Раҳмон аз кумакхоҳии Тоқаев дар бартараф намудани таҳдиди бамиёномада маълумот дод. Раисҷумҳури Тоҷикистон омодагӣ барои ширкат дар василаҳои сулҳофарии СААД-ро дигарбора таъйид намудаст.
Ҳамоишҳои эътирозӣ дар Қазоқистон рӯзҳои аввали соли равон алайҳи болоравии нархи гази моеъ сар зада, баъдан ба бетартибиҳо ва даргириҳо печиданд, ки куштаю маҷруҳ барҷой гузоштаанд. Феълан дар Қазоқистон барои барқарорсозии тартиботи ҷамъиятӣ ҳолати фавқулодда эълон гардидаст.