ДУШАНБЕ, 6 янв — Sputnik. Никол Пашинян, сарвазири Арманистон, ки феълан роҳбарии Шӯрои амнияти дастаҷамъиро ба уҳда дорад, изҳор дошт, ки ба Қазоқистон нерӯҳои посдори сулҳ фиристода мешаванд.
Ба иттилои сомонаи СААД, Пашинян бо назардошти муроҷиати президенти Қазоқистон, Қосим-Ҷомарт Тоқаев вазъи феълӣ дар ин кишварро таҳдид ба амнияту истиқлоли кишвар хонд, ки аз ҷумла дар пайи дахолати хориҷӣ ба вуҷуд омадаст.
"Шӯрои амнияти дастаҷамъӣ тасмим гирифт, ки ба Қазоқистон нерӯҳои муштараки посдори сулҳро ба муҳлати маҳдуд фиристад, то вазъро дар ин кишвар ба эътидол оваранд", - изҳор дошт Пашинян.
Котиботи СААД низ бо нашри як изҳорот пуштибонияшро аз кумакхоҳии Тоқаев баён дошт. Таъкид шудааст, ки ҷониби Қазоқистон бо аъзои Шӯрои амнияти дастаҷамъӣ машварат гузаронда, кумаки низомӣ хостааст.
Тоқаев дар шарҳи ин иқдомаш гуфт, дар кишвар гуруҳҳои террористӣ дастбакор шудаанд, ки байналмилалӣ мебошанд, чун омодагии ҷиддиро дар хориҷи кишвар гузаштаанд. Ӯ афзуд, ки ҳамлаи ин гуруҳҳо ба Қазоқистон бояд ҳамчун таҷовуз пазируфта шавад.
Маврид ба зикр аст, феълан кишварҳои узви СААД - Тоҷикистон, Русия, Белорус, Қазоқистон, Қирғизистон ва Арманистон мебошанд. Ҳадафи ин созмон ҳифзи якҷояи давлатҳои узв аз таҷовузи низомию сиёсии хориҷӣ ва ҳамчунин аз ҳамлаҳои террористӣ арзёбӣ мегардад.