ДУШАНБЕ, 4 янв — Sputnik. Намояндагони толибон бо ҷумҳуриҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон сари масъалаи бозпас гирифтани чархболҳо гуфтушунид сар карданд, хабар медиҳад Tolo News.
Манбаъ меафзояд, гап сари чархболҳое меравад, ки халабонҳои афғонистонӣ пас аз иваз шудани қудрат дар Афғонистон ба Тоҷикистону Ӯзбекистон фирор карданд.
Ин шабака аз қавли Иномулло Самангонӣ, сухангӯи Толибон гуфтааст, "беш аз 40 ҳавопаймо ба кишварҳои ҳамсоя, умдатан ба Тоҷикистон ва Ӯзбекистон бурда шуданд ва феълан музокирот дар бораи бозгашти онҳо оғоз шудааст", - тавзеҳ додааст Иноятулло Хоразмӣ намояндаи вазорати мудофиаи Афғонистон.
Дар ҳамин ҳол, шумораи дақиқи ҳавопаймоҳои дар кишварҳои Осиёи Марказӣ дармондашуда маълум нест, менависад Tolo News.
Бояд зикр намуд, ки Амрико давоми 20 сол ба ҳукуматдорони собиқи Афғонистон миқдори зиёди ҳавопаймо ва дигар техникаҳои ҳавоӣ супурда буданд.