Бародар: Ғанӣ дурӯғ мегӯяд, мо қасди куштани ӯро надоштем

Муовини нахуствазири толибон изҳороти раисиҷумҳури фирории Афғонистонро рад кард
Sputnik
ДУШАНБЕ, 4 янв — Sputnik. Мулло Абдулғанӣ Бародар, муовини нахуствазири толибон мегӯяд, онҳо қасди куштани президенти фирорӣ Ашраф Ғаниро надоштанд.
Ба таъкиди ӯ, роҳбари онҳо афви умумӣ эълон кард ва Ғанӣ дар сурати дар Афғонистон мондан, кушта намешуд.
Ин намояндаи толибон афзуд, ки онҳо дастури раҳбари худро иҷро мекунанд.
Иддаои Мулло Бародар дар ҳолест, ки қаблан Ашраф Ғанӣ дар як навор изҳор дошт, ки толибон қасди куштани ӯро доштанд.
Ашраф Ғанӣ таъкид намуд, ки пеш аз суқути Кобул ба дасти толибон, танҳо дақоиқи пас аз он тасмим ба тарки кишвар гирифт, ки муҳофизонаш гуфтанд, дигар имкони ҳифозат аз ӯ ё пойтахтро надоранд, зеро толибон ба тааҳҳуди худ дар худдорӣ аз вуруд ба Кобул амал накарданд.
Ашраф Ғанӣ дар феҳрасти "Фосидтарин фарди сол" қарор гирифт
Нахустин назари оқои Ғанӣ дар мавриди фирори ӯ аз Кобул дар гуфтугӯ бо генерал Ник Картер, раиси Ситоди муштараки артиши Бритониё матраҳ ва аз тариқи радиои ВВС расонаӣ шуд.
Ашраф Ғанӣ, ки пас аз тарки Афғонистон кардан ба Имороти Муттаҳидаи Арабӣ рафтааст, гуфт, ӯ дарк мекунад, ки мардуми Афғонистон вайро барои суқути сареи кишварашон ба дасти толибон сарзаниш мекунанд, аммо афзуд, далели аслии ин воқеа эътимоди ӯ ба “шуракои байналмилалӣ”, аз ҷумла ИМА будааст.
Пас аз суқути Кобул раисҷумҳури Амрико артиши Афғонистонро муттаҳам кард, ки бо вуҷуди дарёфти таҷҳизоти пешрафта бо толибон муқовимат накард.