Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо

Олимон гуфтанд, омикрон чӣ гуна ба шушҳо зарба мезанад

Суръати баланди паҳншавии коронавирус нигарониҳои ҷиддии кормандони соҳаи тандурустӣ ва шаҳрвандони оддиро ба вуҷуд меорад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 3 янв — Sputnik. Олимони се донишгоҳи бонуфузи ҷаҳон зарари омикронро ба шуш арзёбӣ намуда, онро бо дигар штаммҳои COVID-19 муқоиса карданд.
Тадқиқот аз ҷониби коршиносони Мактаби тиббии Донишгоҳи Вашингтон, Донишгоҳи Висконсин-Мэдисон ва Донишгоҳи Токио дар маҷаллаи илмии Research Square нашр шудааст.
Мувофиқи маълумоти пешакии кори илмӣ, штамми омикрон ҷараёни бемориро наонқадар вазнин мекунад.
Натиҷаи ин хулоса аз силсилаи таҷрибаҳо, ки дар мушҳо гузаронида шудааст, бармеояд. Дар аксари мавридҳо, хояндаҳои мубталои омикрон аломатҳои сабуктар доштаанд ва вазнашонро наонқадар зиёд партофтаанд.
Чунин изҳоротро қаблан олимони Институти иммунологияи терапевтӣ ва бемориҳои сироятии Кембриҷ низ изҳор карда буданд. Коршиносон омикронро бо делта ва бо коронавируси "ваҳшӣ" муқоиса карданд.
Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
Табиби афғонистонӣ алайҳи омикрон доруи муассир таҳия кард
Ҳамчунин, намояндагони Институти миллии бемориҳои сироятии Африқои Ҷанубӣ ва ҳамкорони онҳо аз Донишгоҳи Претория хабар доданд, ки мизони марг аз варианти нави вирус нисбат ба пешгузаштаи он 75% камтар аст.
Олимон изҳори умедворӣ карданд, ки пайдоиши омикрон сатҳи бемориҳо ва маргро ҷудо карда, ба пандемия хотима мебахшад.
Ёдовар мешавем, ки штамми нави COVID-19 бори аввал дар Африқои Ҷанубӣ ва Ботсвана кашф шуда буд. Он аз дигар штаммҳо бо шумори зиёди мутатсияҳо, ки ба паҳншавии вирус суръат мебахшанд, фарқ мекунад.
Олимони юнонӣ санаи "марг"-и коронавирусро эълон карданд
Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт ин штаммро "изтиробовар" хонд ва онро бо номи ҳарфи 15-уми алифбои юнонӣ омикрон унвон кард.
Дар Русия феълан 103 мавриди сироят бо омикрон расман сабт шудааст. Ин навъи коронавирусро аслан сайёҳоне, ки аз кишварҳои қитъаи Африқо омадаанд ворид кардаанд.