ДУШАНБЕ, 3 янв — Sputnik. Эрон то замони таъсиси ҳукумати фарогир, давлати кунунии толибҳоро эътироф нахоҳад кард, гуфт сафири Эрон дар Афғонистон Баҳодур Аминиён дар суҳбат бо TOLOnews.
"Агар як гурӯҳи якқавмӣ ба сари қудрат биёяд ва дар ҳукумат гурӯҳҳои қавмии дигар набошад, ин барои мо ғайри қобили қабул аст, аз ин рӯ, бо нияти нек ба раҳбарони толибон мегӯем, ки ҳукумати фарогир ташкил кунанд", - гуфт, Баҳодур Аминиён дар мусоҳиба бо TOLOnews.
Аминиён бовар дорад, ки дар ин сурат на танҳо Теҳрон худи толибонро ба расмият меҳиносад, балки Русия, Чин, кишварҳои Осиёи Марказӣ ва теъдоде аз кишварҳои арабиро ба ин кор водор хоҳад кард.
"Дар акси ҳол, толибон мушкилоти иқтисодиеро, ки боиси муҳоҷират ва таҳкими ДОИШ* мешаванд, ҳал нахоҳанд кард, ки аллакай барои тамоми минтақа хатар эҷод мекунад", - хулоса кард Аминиён.
Иномулло Самангонӣ, муовини сухангӯи толибон, ин бархӯрдро мудохила ба умури дохилии кишвар хонд. Вай суолгузорӣ кард, ки оё кобинаи Эрон ба чунин меъёрҳои фарогир мувофиқат мекунад ва гуфт, ки ҳар кишвар онҳоро худаш муайян менамояд.
Ёдовар мешавем, ки авоили моҳи август толибҳо ҳамлаи худро алайҳи нерӯҳои давлатии Афғонистон пурзӯр карда, рӯзи 15 август вориди Кобул шуданд ва рӯзи дигар эълом карданд, ки ҷанг ба поён расидааст.
Ду ҳафтаи ахири моҳи август аз фурудгоҳи Кобул, ки таҳти ҳифозати низомиёни амрикоӣ буд, кӯчонидани оммавии шаҳрвандони ғарбӣ ва афғонҳое, ки бо онҳо ҳамкорӣ доштанд, сурат гирифт.
Шаби 31 август низомиёни амрикоӣ фурудгоҳи Кобулро тарк карда, ба ҳузури тақрибан 20-солаи низомии Амрико дар Афғонистон хотима доданд.
Аввали мохи сентябр ҳайати ҳукумати муваққатии Афғонистон бо сардории Муҳаммад Ҳасан Охунд, ки дар давраи хукмронии якуми толибҳо вазири корҳои хориҷй буд, эълон карда шуд.