ДУШАНБЕ, 3 янв — Sputnik. Аз оғози пандемия дар Афғонистон беш аз 4,8 миллион нафар алайҳи COVID-19 эм карда шудаанд, ки беш аз 3,2 миллион нафари онҳо аз моҳи августи соли 2021 эм карда шудаанд, хабар медиҳад РИА Новости бо такя ба сухангӯи толибҳо, Иномуллоҳ Самангонӣ.
"Дар Афғонистон дар маҷмӯъ 4 миллиону 824 307 нафар бар зидди коронавирус моякӯбӣ шудаанд, ки аз онҳо 3 миллиону 288 982 нафар аз моҳи август эм карда шудаанд", - навиштааст Самангонӣ дар саҳифааш дар Twitter.
Вазорати умури хориҷии Ҳиндустон рӯзи шанбе гуфт, Деҳлӣ ба Афғонистон 500 000 воя ваксинаи зидди коронавируси Covaxin, ҳадя кардааст.
Ва дар миёнаҳои моҳи декабр намояндаи вижаи Амрико дар умури Афғонистон Томас Уэст гуфта буд, ки ИМА тавассути созмонҳои байналмилалӣ ва барномаи COVAX ба Афғонистон 1 миллион ваксинаи зидди коронавирус пешниҳод кардааст.
Моҳи октябр низ раиси Комиссияи Аврупо Урсула фон дер Лейен дар саҳифааш дар Twitter навишт, ки Иттиҳодияи Аврупо мехоҳад кумакҳои башардӯстона ба Афғонистон ва кишварҳои ҳамсояро ба маблағи умумии тақрибан 1 миллиард евро маблағгузорӣ кунад.
Ба гуфти вай, тақрибан 300 миллион евро барои барномаҳои эмкунӣ, паноҳандагӣ ва ҳифзи ҳуқуқ равона карда мешавад, 250 миллиони дигар барои кeмаки башардӯстонаи изтирорӣ ба афғонҳо равона карда мешавад, инчунин маблағ барои дастгирии кишварҳои ҳамсояи Афғонистон пешбинӣ шудааст.
Ёдовар мешавем, ки авоили моҳи август толибҳо ҳамлаи худро алайҳи нерӯҳои давлатии Афғонистон пурзӯр карда, рӯзи 15 август вориди Кобул шуданд ва рӯзи дигар эълом карданд, ки ҷанг ба поён расидааст.
Ду ҳафтаи ахири моҳи август аз фурудгоҳи Кобул, ки таҳти ҳифозати низомиёни амрикоӣ буд, кӯчонидани оммавии шаҳрвандони ғарбӣ ва афғонҳое, ки бо онҳо ҳамкорӣ доштанд, сурат гирифт.
Шаби 31 август низомиёни амрикоӣ фурудгоҳи Кобулро тарк карда, ба ҳузури тақрибан 20-солаи низомии Амрико дар Афғонистон хотима доданд.
Аввали мохи сентябр ҳайати ҳукумати муваққатии Афғонистон бо сардории Муҳаммад Ҳасан Охунд, ки дар давраи хукмронии якуми толибҳо вазири корҳои хориҷй буд, эълон карда шуд.