ДУШАНБЕ, 2 янв – Sputnik. Як маҷаллаи амрикоӣ рӯйхати "бушкаҳои борутӣ"-ро дар сайёраи Замин тартиб додааст, ки дар он нуқот метавонад соли 2022 низоъҳои мусаллаҳона рух диҳад.
Эфиопия ба сабаби задухурдҳои байни ҳукумати федералӣ ва қувваҳои Ҷабҳаи халқии озодихоҳии Тиграй ба ҳайати он дохил шуд.
Ба эътиқоди гузоришгарон, ҷангҳои эҳтимолӣ дар Африқо метавонанд аз ҷониби ҷунбишҳои мухталифи радикалии исломгароӣ дар қитъа барангехта шаванд.
Ҳодисаи тасодуфӣ бо ҳавопаймоҳои ҷангии Амрико ва Чин дар минтақаи Тайван ё дар баҳри ҷанубии Чин метавонад боиси сар задани ҷанг гардад, зеро таниш миёни ду кишвар афзоиш меёбад.
Вақте ки ҳавопаймоҳои Чин ва Амрико дар соли 2001 бархӯрд карданд, барои ҳалли вазъ чанд моҳ тамоси шадиди дипломатӣ лозим шуд. Акнун ин корро кардан хеле душвортар мешавад, боварӣ доранд муаллифони мақола.
Нокомии музокирот оид ба барномаи ҳастаии Амрико ва Эрон низ метавонад боиси муноқишаи низомӣ шавад.
Коршиносони маҷалла мегӯянд, Эрон ғанисозии ураниумро идома хоҳад дод ва қодир ба тавлиди силоҳи пурқудрати қатли ом мешавад, пас Амрико ва Исроил "ба хотири заъиф кардани зарфияти ҳастаии Теҳрон бояд ба қаламрави ин кишвар ҳамлаҳои ҳавоӣ ворид кунанд".
Онҳо инчунин Украинаро ба далели тавсеаи НАТО дар Аврупои Шарқӣ ва рушди низомии он аз ҷониби Иттиҳоди Атлантикаи Шимолӣ ба ин рӯйхат шомил карданд.
Русия низ дар пайи тавсеаи НАТО дар наздикиҳои марзҳояш ҳушдор дод, ки посухи шадид хоҳад дод. Ин масъала мавзӯи аслии гуфтугӯи навбатии Путин ва Байден хоҳад шуд.