Лавров: Толибон ба ваъдаҳояшон амал кунанд ба расмият шинохта мешаванд

Вазири хориҷаи Русия дар хусуси ба расмият шинохтани ҳукумати толибон дар Афғонистон ба саволи хабарнигор посух дод ва гуфт, ки ин кор бастагӣ ба пойбанди онҳо ба ваъдаҳояшон дорад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 31 дек — Sputnik. Сергей Лавров, вазири хориҷаи Русия дар посух ба суоли як хабарнигор дар хусуси ин ки оё Маскав толибҳоро ба расмят мешиносад, гуфт, ба расмиятшинохтани толибон ба ин бастагӣ дорад, ки чигуна ба ваъдаҳои худ амал мекунанд, аз ҷумла мубориза бо хатароте, ки аз қаламравашон сарчашма мегирад.
"Ҳанӯз тасмим гирифтан дар бораи ба расмият шинохтани толибон барвақт аст. Бояд наззорагари рӯйдодҳои Афғонистон бошем, ки чигуна тавсеа меёбанд, ё беҳтар аст бигуем замоне, ки толибон ба ваъдаҳояшон амал кунанд, аз ҷумла дар мавриди ташкили як давлати фарогир ва муқобила муассир бо таҳдидоти террористӣ ва маводи мухаддир аз хоки Афғонистон", - гуфт Лавров.
Толибон Русияро дар ҷараён нагузошта сафир таъйин намудааст
Вазири хориҷаи Русия дар посух ба ин суол, ки оё Маскав аввалин шуда толибонро ба расмият мешиносад, гуфт: "Дар ин замина мо бо ҳамбастагӣ бо соири кишварҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ хоҳем буд, ки ба тадриҷ ба самти ҳифзи толибон аз таҳримҳои Шӯрои амният СММ, ки заминаи шинохти расмии давлати Афғонистонро шакл медиҳад, ҳаракат хоҳем кард”.
Ёдовар мешавем, ки Забеҳулло Муҷоҳид, сухангӯи толибон ахиран гуфта буд, ин гурӯҳ қасд дорад сафири ҷадиди Афғонистон дар Русияро таъйин кунанд ва умедвор аст, ки Русия давлати ҷадиди толибонро ба расмият бишносад.