Маскав шарти рушди бахши энергетика дар Тоҷикистонро гуфт

Намояндаи тиҷоратии Русия дар Тоҷикистон дар бораи нақшаҳои эҳтимолии эҷоди лоиҳаҳои нави энергетикӣ дар ҷумҳурӣ дар ояндаи наздик сухан гуфт
Sputnik
ДУШАНБЕ, 30 дек — Sputnik. Русия тарҳҳои нави энержӣ дар қаламрави Тоҷикистонро ба нақша нагирифтааст, гуфт дар суҳбат бо ТАСС сардори намояндагии тиҷоратии Русия дар Тоҷикистон Евгений Коренков.
Дар ҳамин ҳол, ба гуфтаи ӯ, чунин имконро истисно кардан мумкин нест ва онро метавон дар шароити мусоиди сармоягузорӣ дар кишвар баррасӣ кард.

"Дар соҳаи энергетика дар оянда лоиҳаи нав вуҷуд надорад, аммо рушд ва таҷдиди таъсисоти мавҷудаи энергетикӣ идома дорад", - гуфт намояндаи тиҷорӣ.

Коренков таъкид кард, то ҳол аз Русия барои тарҳҳои ҷадид дар бахши энержии Тоҷикистон пешниҳоде дарёфт нашудааст.
Ба гуфтаи намояндаи тиҷорӣ, ҳоло нерӯгоҳи "Сангтӯда" барои рушд сармоягузорӣ мекунад ва нерӯгоҳи "Норак" аз тарафи Бунёди Авруосиёии Таҷдид ва Рушд навсозӣ мешавад.
Илова бар ин ӯ қайд мекунад, ки ширкатҳои русӣ ба ҳамкорӣ бо нерӯгоҳи "Роғун" таваҷҷуҳ доранд.
Ширкатҳое ҳастанд, ки ба эҷоди нармафзор, электроника, назорат машғуланд ва инчунин дар тендерҳо ширкат мекунанд.
“Шарики суннатӣ ва боэътимод”: гардиши мол миёни Русияву Тоҷикистон афзуд
"Русия дар ин соҳа дастоварди бузург дорад, аз ин рӯ ҳамкасбони тоҷики мо аз ин таҷриба мекунанд", - гуфт Коренков.
Дар баробари ин роҳбари намояндагӣ аз мушкилоти муайяне дар зимни баргардонидани маблағҳои гузошташуда тазаккур дод, ки ба андешаи ӯ, эҳтимол барои ҷалби сармоягузорони эҳтимолӣ аз Русия ба Тоҷикистон ба унвони омили боздоранда "хидмат" кунанд.
Намояндаи тиҷоратии Федератсияи Русия таъкид кард, ки дар соли 2009 Русия ва Тоҷикистон муштаракан нерӯгоҳи барқи обии "Сангтӯда-1"-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд, ки дар он ҳиссаи Федератсияи Русия 75%-ро ташкил медиҳад.
Хариди техникаи Русия дар Тоҷикистон осонтар мешавад
Аммо тайи чанд соли ахир ин нерӯгоҳ, ки тақрибан 12 дарсади тамоми нерӯи барқи ҷумҳуриро тавлид мекунад, дар пардохти андоз ба мушкил рӯ ба рӯ шудааст.
Евгений Коренков зикр кард, ки қарзи ширкати энергетикии "Барқи тоҷик" аз нерӯгоҳи барқи обии "Сангтӯда" мушкили ҳалношуда аст.
“Қарз дар соли 2021 2 миллиард сомониро (ҳудуди 175 миллион доллар) ташкил дод, дар ҳоле ки ширктаи ҳудуди 45 дарсади нерӯи барқро аз нерӯгоҳ мехарад", - хулоса кард сардори намояндагии тиҷории Русия дар Тоҷикистон Коренков.