ДУШАНБЕ, 30 дек — Sputnik. Ширкатҳои бонуфузи мошинсозии Русия қасд доранд, дар Тоҷикистон фурӯшгоҳҳои дилерӣ боз кунанд, гуфт Евгений Коренков, раиси намояндагии тиҷории Русия дар Тоҷикистон зимни суҳбат бо ТАСС.
Ӯ гуфт, дар ояндаи наздик дар Душанбе як фурушгоҳи "АвтоВАЗ" кушода мешавад. Гуфтугӯҳо аллакай сурат гирифтаанд.
"Ин муҳим аст, зеро Тоҷикистон ягона кишвари ИДМ буд, ки дар он фурӯшгоҳи ин корхона вуҷуд надошт", - гуфт Коренков.
Ба гуфтаи намояндаи тиҷорӣ, дар оянда ширкатҳои бузурги Русия низ дар Тоҷикистон тавлидоту васли таҷҳизотро ба роҳ мемонанд.
"Калонтарин ширкати саноатии Русия – Гурӯҳи муттаҳидаи мошинсозӣ, тавлиди таҷҳизоти махсус аллакай бо корхонаи тоҷикистонии "Ремспецмаш" ба созиш расид", - гуфт Коренков.
Ба гуфтаи ӯ, ширкати русӣ омодааст, ки дар Тоҷикистон як маркази дилерӣ барои фурӯш ва нигоҳдории таҷҳизот бо таҷдиди минбаъдааш ба як корхонаи бузурги васлкунӣ боз кунад.
Дар ҳамин ҳол намояндаи тиҷорат қайд кард, ки Чин дар ин бозор то ҳол пешсаф аст, вале истеҳсолкунандагони русӣ тамоми имкони пешниҳоди маҳсулоти рақобатпазирро доранд.
Илова бар ин ӯ ба таваҷҷуҳи як ширкати дигар бо номи "Ростселмаш" ба Тоҷикистоне, ки беш аз 50 дарсади ҷамъияташ ба кишоварзӣ машғул аст, ишора кард.
Вай гуфт, ки дар намоишгоҳи ахир дар Душанбе 17 ширкати русӣ якбора таҷҳизоти кишоварзии худро ба намоиш гузоштанд. Пас аз ин дар мавриди харидории чунин таҷҳизоти сохти Русия тавофуқ ҳосил шуд ва Бонки Авруосиёи Рушд қасд дорад, ба унвони қарздиҳандаи интиқоли содирот баромад кунад.
"Мо интизори татбиқи он дар соли 2022 ҳастем, зеро на танҳо аз "Ростселмаш", балки ба дигар корхонаҳои истеҳсоли комбайну тракторҳо низ таваҷҷуҳ зоҳир шуд", - гуфт роҳбари намояндагӣ.