ДУШАНБЕ, 29 дек — Sputnik. Гиёҳшиноси афғонистонӣ мегӯяд, ки як доруи муассир бар зидди штамми нави коронавирус - омикрон таҳия кардааст, хабар медиҳад Sputnik Афғонистон.
Иддаои ин табиб дар ҳолест, ки вуҷуди ин навъ аз вирус дар Афғонистон расман эълон нашудааст. Вале гиёҳшинос бар ин бовар аст, ки доруи таҳиякардаи ӯ метавонад аз навъи нави коронавирус ҷилавгирӣ кунад.
Ин табиб Ҳаким Муҳаммад Алокозай ном дошта, ба иддаои ӯ, аз доруяш аллакай 14 миллион нафар истифода кардаанд ва ягон таъсири манфӣ ба онҳо нарасидааст.
Номбурда аз Вазорати беҳдошти Афғонистон ва ҳамзамон аз Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт даъват намудааст, ки кашфиёти ӯро мавриди санҷиш қарор диҳанд.
Ӯ пешниҳод намудааст, ки дар ҳузури намояндагони бахши беҳдошти ватанӣ ва СҶБ ба ҳазор маризи коронавирус доруи таҳиякардааш дода шавад ва ӯ мутмаин аст, ҳамаи онҳо сиҳат хоҳанд шуд.
Гуфта мешавад, табиб ин даворо аз 11 гиёҳ омода намудааст.
Манбаъ тавзеҳ додааст, ки Ҳаким Муҳаммад Алокозай дар замоне ки Ашраф Ғанӣ кишвардори Афғонистон буд, ҳаққи фаъолияти тиббӣ надошт ва ӯ пинҳонӣ ба дармони беморон машғул мешуд.