Пайвастани Нуриддин Давронов ба дастаи “Персита” ва гузариши Нозим Бобоҷонов ба “Ал-Аҳлӣ”

Ду футболбози шинохтаи тоҷик Нуриддин Давронов ва Нозим Бобоҷонов барои худ дастаҳои нав пайдо карданд. Ин ду бозигари футболи тоҷик бо дастаҳои футболи “Персита”-и Индонезия “Ал-аҳлӣ”-и Баҳрайн шартнома имзо карданд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 29 дек — Sputnik. Шартнома миёни футболбози 30-солаи тоҷик ва ин даста то 30 майи соли 2022 ба имзо расидааст, иттилоъ додааст Федератсияи футболи Тоҷикистон.
Тибқи иттилои манбаъ, акнун Нуриддин Давронов ба дастаи футболи “Персита”-и Индонезия пайваст.
Нуриддин Давронов қабл аз ин бо дастаи дигари Индонезия “Борнео” шартномаи яксола дошт. Қарордоди футболбози тоҷик бо дастаи футболи “Борнео” чанд рӯз пеш ба охир расид.
Ёдовар мешавем, ки дастаи футболи “Борнео”-и Индонезия пас аз бекор кардани шартнома бо Нуриддин Давронов расман бо футболбози ҷопонӣ Кей шартномаи нав имзо кард. Акнун Кей Нуриддин Давроновро дар ин тим иваз кард.
Сабукӣ барои ҷалби бозигарону мураббиён аз хориҷ ва рушди футбол дар Тоҷикистон
Ҳамзамон, тибқи иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, нимҳимоятгари дастаи футболи “Хуҷанд”-и шаҳри Хуҷанд Нозим Бобоҷонов ба дастаи “Ал-аҳлӣ”-и Баҳрайн қарордод имзо кард.
Дастаи футболи “Ал-аҳлӣ” дар Премйер Лигаи Баҳрайн баромад мекунад. Дастаи футболи “Ал-аҳлӣ”-и Баҳрайн баъди ҳафт даври рақобатҳо дар зинаи охири ҷадвал бо чаҳор имтиёз мавқеъ гирифтааст.
Нозим Бобоҷонов дар ҳайати дастаи футболи ”Хуҷанд”-и шаҳри барандаи медалҳои нуқраи Лигаи олӣ ва барандаи Ҷоми Тоҷикистон дар соли 2021 гардидааст.