Маскав шарти эътирофи ҳукумати толибҳоро гуфт - видео

Замир Кобулов, фиристодаи вижаи раисҷумҳури Русия дар умури Афғонистон тавзеҳ дод, ки барои эътирофи ҳукумати ҷадид дар Афғонистон толибҳо кадом иқдомро бояд амалӣ намоянд
Sputnik
Кобулов мегӯяд, дар мавриди эътирофи ҳукумати ҷадиди толибҳо як фаҳмиши умумие вуҷуд дорад, аммо дар зимн баъзе нозукиҳои мавқеъҳо низ ҷой доранд.
Ӯ мегӯяд, Русия ҷонибдори риояи меъёрҳои ҳуқуқи инсон аст, бинобар ин ӯ муҳим хонд, ки духтарону занони афғон ба таҳсил, ҳаёти ҷамъиятӣ ва сиёсӣ ҷалб шаванд. Русия ҳамчунин тарафдори ҳузури намояндагони тамоми ақвом ва гурӯҳҳои сиёсӣ дар ҳукумату ҳаёти ҷамъиятии кишвар мебошад, изҳор доштааст Кобулов дар суҳбат бо Sputnik Афғонистон.
Толибҳо нақша доранд, сафир дар Русияро таъйин кунанд
Дипломат чор қавми бузурги Афғонистон - тоҷикон, паштунҳо, ҳазораҳо ва ӯзбекҳоро зикр намуда, дар зимн муҳим донистааст, ки ҳукумат на танҳо аз нигоҳи қавмӣ, балки аз назари сиёсӣ низ ҳамашумул бошад.
"Онҳо бояд нишинанд ва дар ин бора музокира кунанд. Ба воситаи кадом васила, Луи ҷирга ё шакли демократӣ, ин кори онҳост. Он гоҳ сулҳи пойдор миёни миллатҳо дар Афғонистон ба вуҷуд меояд", - таъкид кард Кобулов.
Ҳамзамон оқои Кобулов илова кард, ки эътирофи сиёсӣ бештар як амали рамзӣ мебошад. Ӯ ишора кард, ки ба расмият шинохтан амалан дар ҷараён асту ҳузури ҳайати толибҳоро дар мулоқоти Маскав ва тамоси намояндагони ҳукумати нав бо кишварҳои дигарро ҳамчун далел зикр намудааст.