Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо

Аломати коронавирус, ки аз марг дарак медиҳад

Мутахассисон аломати нави коронавирусро ошкор карданд, ки дар сурати бурузи он бояд фавран бемор бистарӣ карда шавад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 29 дек — Sputnik. Дар гирифторони коронавирус аломате ба монанди кабудшавии пӯст мушоҳида мешавад.
Дар ин бора дар суҳбат бо URA.RU ходими пешбари илмии Донишгоҳи давлатии Маскав ба номи Ломоносов, вирусшинос, биологи молекулавӣ Максим Скулачев хабар дод.
Ба гуфти ӯ, вайрон шудани оксигенатсияи хун, фаъолияти шуш ва варамии онҳо як аломати маъмулии коронавирус мебошад. Ин падида дар ҳолатҳои вазнин будани беморӣ мушоҳида мешавад.
Мутахассис тавзеҳ дод, ки сианоз (кабуд шудани пӯст ва луобпардаҳо)-ро бо ёрии пулсоксиметр пешгӯӣ кардан мумкин аст.

"Вақте ки оксиген аз сатҳи муайян паст мешавад, фавран ёрии таъҷилӣ занг занед, то ба сианоз оварда нарасонед", - таъкид кард вирусшинос.

Дар чунин ҳолат шахс бояд фавран дар беморхона бистарӣ шавад. Беморро бо ёрии оксиген, вентилятсияи механикӣ ва доруворӣ наҷот додан мумкин аст.
"Духтурон медонанд, ки чӣ гуна аксари беморонро аз норасоии оксиген наҷот диҳанд", - илова кард Скулачев.
Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
Зукомро аз омикрон чӣ тавр фарқ кардан мумкин аст?
Кабуд шудани пӯсти беморони COVID-19-ро мудири кулли "Clinical Excellence Group", иммунолог, номзади илмҳои тиб Николай Крючков низ тасдиқ кард.
Вай қайд кард, ки дар чунин ҳолат аксаран бинии беморони гирифтори коронавирус сафед ё кабуд мешавад. Сианоз хеле кам ба тамоми бадан паҳн мешавад.
Вирусшинос: Омикрони бенишона марговар аст
Бо вуҷуди ин аномалияҳои муайяне мебошанд, ки ба сабаби ихтилоли мубодилаи моддаҳо бо COVID-19 намешаванд, шарҳ дод Крючков.