Нигаронии прокуратура аз фаъолияти ниҳодҳои тобеи Вазорати меҳнат

Додситонии куллии Тоҷикистон барои бартараф намудани қонунвайронкуниҳои ҷойдошта дар ниҳодҳои тобеи Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ як парвандаи ҷиноятӣ ва ҳафт парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ боз кардааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 28 дек — Sputnik. Бинобар иттилои дафтари матбуотии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон ахиран дар як ҷаласа бо иштироки вазири меҳнат Амонзода Ширин Шодӣ, роҳбарияти вазорат, масъулин аз дастгоҳи марказии он, мудирон, муовинони мудирон, сармуҳосибон ва масъулони шуъбаҳои кадрҳои муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ пешниҳоди додситонии кулли Тоҷикистон дар бораи бартараф намудани қонунвайронкуниҳо баррасӣ гаштааст.
“Пешниҳоди мазкур аз ҷониби сардори Раёсати таҳсилоти ибтидоии касбӣ, таълими калонсолон ва рушди ҳунармандӣ Қурбонзода Ф. ба самъи ҳозирин расонида шуда, сабабу омилҳои камбудиҳои ҷойдошта муҳокима гардиданд”, - иттилоъ додааст манбаъ.
Тибқи иттилои манбаъ, дар гузориш камбудиҳо ва мушкилоти мавҷудаи муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ дар шаҳри Душанбе, ки мавриди санҷиш қарор гирифта буданд, дарҷ шуда, барои бартараф намудани онҳо супоришҳои қатъӣ дода шуданд.
Посухи Прокуратура баъди огоҳиномаи Дастгоҳи президент: видеоҳои "облава" беасосанд
Зикр гардид, ки баҳри бартараф намудани қонунвайронкуниҳои ҷойдошта як парвандаи ҷиноятӣ ва ҳафт парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ боз шудааст.
Гуфта мешавад, аз ҷониби вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ Амонзода Ширин барои ислоҳи ин камбудиҳо ва баратараф кардани сабабу шароити ба онҳо мусоидаткунанда дастури қатъӣ содир шудааст ва ҳамчунин вазир супориш додааст, то аз натоиҷи он ба Додситонии генералии Тоҷикистон ба таври хаттӣ хабар диҳанд.