Ҳалли мушкили 20 муҳоҷири кории тоҷик дар Русия: пулашонро баргардонданд

Корфармои рус баъд фишор аз сӯйи мақомоти Тоҷикистон музди меҳнати 20 нафар аз шаҳрвандони ҷумҳуриро пардохт кард
Sputnik
ДУШАНБЕ, 28 дек — Sputnik. Бо мусоидати намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар Русия корфармои рус музди корӣ пардохтнашудаи 20 нафар аз шаҳрвандони ҷумҳурӣ – коргарони муҳоҷирро дод.
Манбаъ иттилоъ дод, ки ахиран ба намояндагии Вазорати меҳнат дар Русия як шаҳрванди Тоҷикистон дар бораи пардохт нагардидани музди меҳнати 20 нафар аз ҳамтоёнаш аз ҷониби як корфармо дар яке аз минтақаҳои Русия муроҷиат намудааст.
Намояндагӣ барои ҳалли ин масъала бо корфармо дар тамос шуда, масъалаҳои пардохт гардидани музди меҳнати шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба миён гузоштааст.
Муҷозоти 500 шаҳрванди Афғонистон дар Русия ба далели нақзи қавонини муҳоҷират
“Дар натиҷаи машваратҳо ва гуфтугуҳои пайвастаи ҷонибҳо дар муддати муайян корфармо музди меҳнати шаҳрвандони Тоҷикистонро пардохт намуд”, - қайд кардааст манбаъ.
Ба ҳамин тартиб музди меҳнати 20 коргари муҳоҷир, ки 900 ҳазор рублро ташкил медод, аз тарафи корфармо пурра пардохт шуд.
Намояндагӣ ба муҳоҷирони корӣ тавсия додааст, минбаъд ҳангоми фаъолияти меҳнатӣ, тибқи қонунгузории Русия, ҳатман як нусхаи қарордоди кориеро, ки бо корфармо имзо кардаанд, ҳифз намоянд.