ДУШАНБЕ, 28 дек — Sputnik. Бинобар иттилои дафтари матбуотии Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон, ахиран дар шаҳри Дубайи Имороти Муттаҳидаи Арабӣ дар ҳошияи Рӯзи миллии Тоҷикистон дар намоишгоҳи EXPO – 2020 Форуми соҳибкорию сармоягузории Тоҷикистон ва ИМА баргузор шуд.
Тибқи иттилои манбаъ, дар форуми мазкур намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Тоҷикистон, сафорати Тоҷикистон дар Имороти Муттаҳидаи Арабӣ, роҳбарияти вазоратҳои молия, саноат ва технологияҳои нав, дигар ашхоси расмӣ ва намояндагони бахши хусусии ду давлат, дар маҷмУъ 140 нафар ширкат варзиданд.
Иттилоъ дода шудааст, ки зимни баргузории форум имконият, соҳаҳо ва лоҳаҳои сармоягузории афзалиятноки Тоҷикистон муаррифӣ шуд.
Манбаъ таъкид кардааст, ки ҷониби Тоҷикистон аз доираҳои сармоягузории ИМА барои иштирок дар лоиҳаҳои муштарак даъват кард.
Ҳамзамон Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон илова кард, ки дар доираи форуми мазкур миёни доираҳои соҳибкорию сармоягузории ду давлат чанд санади дуҷонибаи ҳамкорӣ ба имзо расидааст.