ДУШАНБЕ, 28 дек — Sputnik. Ҳудуди 23 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар донишгоҳҳои Русия таҳсил мекунад. Дар ин бора Игор Бурулко, котиби аввали сафорати Русия дар ҷумҳурӣ зимни нишасти хабарие иттилоъ дод.
Дар ҳамин ҳол аз ин теъдод 14 ҳазор нафар аз ҳисоби буҷаи давлатии Русия дониш мегиранд.
Таҳсил дар донишгоҳҳои Федератсияи Русия дар қаламрави Тоҷикистон низ маъмул аст. Ҳоло дар РТСУ, филиалҳои Донишгоҳи давлатии Маскав ва МИСИС 8 ҳазор донишҷӯ таҳсил мекунад, ки харҷи донишандӯзии ҳар савуми онҳо низ аз ҳисоби буҷаи Федератсияи Русия аст.
“Мо ба аҳолии Тоҷикистон барои дарёфти таҳсили ройгони русӣ кумак мекунем ва онро тавсеа медиҳем ", — таъкид кард Бурулко.
Вай ёдовар шуд, ки дар кишвар ҳар сол ярмаркаи таълимӣ барпо мегардад. Дар он довталабони тоҷик бо барномаҳои муассисаҳои таълимии Русия ошно мешаванд.
Сарфи назар аз пандемияи коронавирус дар соли 2020 намояндагони ҳудуди 25 донишгоҳи Русия аз ҷумҳурӣ дидан карданд.
Дипломат изҳори умедворӣ кард, ки бо ба эътидол омадани парвозҳои мунтазам ин робитаҳо боз ҳам бештар хоҳанд шуд.
Ёдовар мешавем, авоили декабри соли ҷорӣ мутахассисони МИРЕА дар Маскав як форуми бузурги ҷавононро баргузор карданд, ки ҳадаф аз он роҳандозии табодули донишҷӯён байни ду кишвар буд.