ДУШАНБЕ, 27 дек — Sputnik. Ҷомеаи ҷаҳонӣ бояд қувваҳоро муттаҳид созад, то дар нимаи соли 2022, 70 дарсади аҳолии кишвар ваксина гиранд ва бар зидди коронавирус эмин шаванд. Дар ин бора раиси Созмони ҷаҳонии тандурустӣ Тедрос Гебрейесус дар мусоҳиба бо рӯзномаи "Известия" хабар дод.
Ба таъкиди ӯ, ҳукуматҳо бояд чораҳои махсуси тандурустиро барои омӯзиши штаммҳои нав идома диҳанд. Вай аз шаҳрвандон даъват кард, ки ниқоб пӯшанд, масофаи иҷтимоиро риоя кунанд ва аз таҷаммӯи мардум дурӣ ҷӯянд.
СҶБ инчунин зарурати бунёди системаҳои мустаҳкамтари амнияти тандурустӣ ва маблағгузории кумаки аввалияи тиббиро мебинад.
Ба иттилои ин созмон, шумори беморони COVID-19 дар ҷаҳон аз 276 миллион нафар гузашта, 5,3 миллион нафар фавтидаанд.
Ваксина ҳамоно роҳи боэътимоди муҳофизат аз коронавирус боқӣ мемонад.
Дар Тоҷикистон феълан ягон бемори коронавирус боқӣ намондааст ва ҳукумату вазорати беҳдошт саъй доранд, то тамоми аҳолии аз 18 - сола болоро алайҳи ин вирус ваксина кунанд ва бо ин роҳ ҳар чӣ зудтар масунияти оммавӣ ҳосил гардад.