Путин гуфт, дар Русия як миллион шаҳрванди Тоҷикистон қарор дорад

Владимир Путин зимни мулоқот бо президенти Тоҷикистон шумораи умумии шаҳрвандони кишвар дар Русияро эълон кард
Sputnik
ДУШАНБЕ, 27 дек — Sputnik. Дар Русия як миллион шаҳрванди Тоҷикистон ба таври муваққат кору зиндагӣ мекунад. Ин ҳарфҳоро кишвардори Русия зимни мулоқот бо президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон эълон кард.

"Ман таваҷҷуҳ ва ғамхории шуморо ба рушди забони русӣ медонам... Хоҳиши омӯхтани забони русӣ зиёд аст. Ин фаҳмо аст, зеро имрӯз ҳудуди як миллион нафар аз Тоҷикистон дар Русия ба сар мебарад ва кор мекунад", - изҳор кард Путин.

Тибқи маълумоти мавҷуда, муҳоҷирони тоҷик дар соли 2019 ба далели маҳдудиятҳои пандемӣ ба Ватан ҳудуди 1,8 миллиард доллар ва дар соли 2020 ҳудуди 1,7 миллиард доллар интиқол додаанд.
Ба гуфтаи раисиҷумҳур, Русия ба манзури ҳимоят аз иқтисоди Тоҷикистон ва шаҳрвандонаш масоили марбут ба муҳоҷирати кориро ҳал мекунад.
Раҳмон Русияро шарики асосии Тоҷикистон хонд
Ёдовар мешавем, раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати иштирок дар нишасти анъанавии ғайрирасмии сарони кишварҳои ИДМ, ки 28 декабр дар шаҳри Санкт-Петербург баргузор мегардад, озими Русия шуд.
Бори охир Путин ва Раҳмон дар остонаи таҷлил Рӯзи ғалаба, 9 май дар Маскав мулоқоти дуҷониба доир карда буданд.
Моҳи сентябр раисҷумҳури Русия бояд дар нишастҳои СҲШ ва СПАД ба Душанбе меомад, аммо ба далели ошкор шудани коронавирус дар атрофиёнаш ӯ ин сафарашро лағв кард.