Ҳушдори фармондеҳи толибҳо ба Покистон

Яке аз фармондеҳони толибҳо ҳушдор додааст, ки ба ҳамлаҳои мушакии Покистон ба қаламрави Афғонистон посухи сазовор хоҳад дод
Sputnik
ДУШАНБЕ, 27 дек — Sputnik. Абудуҷона, фармондеҳи қӯшунҳои маъруф ба "Холид ибн Ал-Валид"-и толибҳо аз посух ба зарбаҳои Покистон ҳушдор додааст.
Ӯ дар пайи зарбаҳои мушакии Покистон ба бархе аз қисматҳои Афғонистон изҳор доштааст, ки агар ин ҳол идома ёбад, ҳамлаҳои ҷавобӣ амалӣ мешаванд.
"Барои мо ин замини муқаддас аст. Дар ин замин шаҳидони зиёд додем. Мо муносиботи хуб бо кишварҳои ҳамсоя мехоҳем, аммо агар онҳо зарбаҳоро идома диҳанд, мо ҳам ба чунин шева посух хоҳем дод", - навиштааст Sputnik Афғонистон аз қавли Абудуҷона.
Ин дар ҳолест, ки 24 декабр дар посух ба зарбаи навбатии мушакӣ ба мавзеъҳои "Таҳрики толибҳои Покистон" дар музофоти Кунар толибҳо ҷойҳои будубоши артиши покистониро мавриди тирпарронӣ қарор додаанд.
Толибҳо маҷбур карданд: қимати нон дар Афғонистон коҳиш ёфт
Ин дар ҳолест, ки қаблан генерал Бобур Ифтихор, мудири Раёсати иртибот бо ҷомеаи Вазорати дифои Покистон гуфт, кишвараш аз кафолатҳои гирифта аз толибҳо дар умури амниятӣ розист.
Бобур Ифтихор дар суҳбат бо "Urdu News" изҳор дошта буд, ки толибҳо дар мавриди фаъолияти гурӯҳи дар Покистон мамнӯи "Таҳрики толибҳо" ваъдаҳое додаанд.
Ба гузориши Sputnik Афғонистон, ин гурӯҳи мамнуъ дар Покистон дар қаламрави Афғонистон фаъолият дорад ва феълан толибҳо бо вуҷуди ваъдаҳояшон ба Покистон мубориза бо онро аз оғоз накардаанд.