Хабаргирӣ аз хонаводаҳои қурбониёни муноқишаи марзии миёни Тоҷикистону Қирғизистон

Баҳоваддин Баҳодурзода, раиси шаҳри Исфара дар арафаи Соли Нави милодӣ аз оилаҳое, ки дар муноқишаҳои мусаллаҳонаи наздисарҳадӣ бо Қирғизистон қурбонӣ доданд, хабар гирифт
Sputnik
ДУШАНБЕ, 27 дек — Sputnik. Шаҳрдори Исфара ба ҳолпурсии оилаҳои даҳ шаҳиди муноқишаҳои наздисарҳадии моҳи апрел дар ҷамоатҳои деҳоти Чоркӯҳ ва Сурх рафта, аз аҳволи оилаи шодравон Ҳусейн Ҳакимов дар деҳаи Хоҷаи Аъло низ пурсид.
Ба иттилои дафтари матбуотии ҳукумати Суғд, зимни суҳбат бо аҳли байти ҷавонмардони ҷондода, аз шуҷоату ҷонфидоӣ ва садоқатмандии бемисли онҳо зикр карда, раиси шаҳри Исфара аз таҳсили фарзандон ва муаммою мушкилоти хонаводагии онҳо суол кардааст.
Баҳодурзода аз дастури Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон гуфта, таъкид намудааст, ки ҳукумати шаҳр барои ҳалли мусбати ҳама гуна мушкилоти иҷтимоии хонаводаҳои қурбониён дар марз мусоидат мекунад.
Зимни тақдими хӯрокворӣ ва туҳфаҳои солинавӣ Баҳодурзода раисони ҷамоатҳои деҳоти Чоркӯҳ ва Сурхро вазифадор намуд, ки аҳволу шароити зиндагии ин оилаҳоро таҳти назари доимии худ қарор диҳанд.
Қирғизистон аз қазияи нав дар марз бо Тоҷикистон хабар дод: Аз насби миномёт то сангзанӣ
Маврид ба зикр аст, ки вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон 28 апрели соли равон дар пайи як баҳс сари дарғоти “Головной” шиддат гирифта, 29 апрел ба даргирии мусаллаҳона миёни низомиёни ду кишвар печид.
Теъдоди қурбониён бар асари ин ҳодиса аз ҳар ду тараф беш аз 55 нафарро ташкил медиҳад. Мақомоти Тоҷикистон гуфтанд, ки дар пайи муноқишаи мусаллаҳонаи марзӣ 87 тан захмӣ шуда, 19 нафар ба ҳалокат расидааст. Қирғизистон аз ҳалокати 36 шаҳрвандаш дар ин даргирӣ хабар дод. Мақомоти Тоҷикистону Қирғизистон дар оғози ин даргирӣ ҳамдигарро муттаҳам мекунанд.
Ин ду кишвар беш аз 980 километр марзи муштарак доранд, ки танҳо 520 километри он аломатгузорӣ шудааст. Номуайянӣ дар марз дар бисёр ҳолатҳо бо муноқиша ва баъзан бо тирпаронию марги одамон мунҷар мешавад.