ДУШАНБЕ, 26 дек — Sputnik. Хадамоти марзбонии КДАМ Қирғизистон мегӯяд, вазъият дар марз то соати 11:00 -и рӯзи якшанбе мӯътадил аст.
"Шаб ором ва бидуни ҳодиса гузашт. Воҳидҳои нерӯҳои марзбонии КДАМ, ки дар қитъаи сарҳади давлатии Қирғизистону Тоҷикистон мустақар шудаанд, дар реҷаи пурзӯр фаъолият мекунанд",- омадааст дар хабар.
Шаби гузашта Кумитаи амнияти миллии Қирғизистон аз ҳодиса дар марз бо Тоҷикистон ва садои тирҳои ҳушдордиҳанда хабар дод.
Гуфта мешавад, рӯзи 25 декабр дар қитъаи номаълуми марзӣ рӯ ба рӯи минтақаи Сойи ноҳияи Лайлак, нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон дар дидбонгоҳашон миномётро насб кардаанд.
Дар қисматҳои муқобили деҳоти қирғизии Дамба ва Мақсад таҷаммуи низомиёни тоҷик ба қайд гирифта шудааст, хабар дод Sputnik Қирғизистон.
"Аллакай шом, соати 19:40 дар роҳи Душанбе - Бодканд - Исфана дар минтақаи Экитош ва Қоқтош се-чор шаҳрванди Тоҷикистон сӯи чор мошини қирғизистон санг партофтаанд. Мошинҳо осеб дидаанд, аз одамон касе ҷароҳат набардошт", - омадааст дар иттилоия.
Манбаъ афзуд, ки сардори қисми марзбонии Қоқтош ба ҷои ҳодиса ҳозир шуда, се тири огоҳкунанда ба ҳаво холӣ кардаасту тоҷикистониён фирор кардаанд.
Дар пайи ин мулоқоти мақомоти марзбонии ду кишвар баргузор шуда, барои эътидоли вазъ гуруҳҳои иловагии марзбонҳо равона гардиданд. Таъкид шудааст, ки барои ҷилавгирӣ аз ташаннуҷи вазъ фармондеҳи гуруҳи марзбонии Бодканд ва сардори раёсати марзбонии минтақа дар ҷои ҳодиса қарор доранд.
Мақомоти қирғиз мегӯянд, нерӯҳои марзбонияш дар қисмати мазкур ба низоми пурзӯри хидмат гузаштаанд.
Ҷониби Тоҷикистон феълан ин қазияҳоро шарҳ надодааст, аммо дар зимни тавзеҳи қазияҳои қаблӣ изҳор дошт, ки шаҳрвандону марзбонҳои қирғиз ба иғвоангезӣ роҳ медиҳанд, ки боиси ташаннуҷи вазъ дар марз мегардад.