ДУШАНБЕ, 26 дек — Sputnik. Масунияти пайвандӣ барои эмин мондан аз штамии нави коронавирус - омикрон даҳҳо маротиба кумак мекунад.
Дар ин бора пизишки касалиҳои дарунӣ, токсиколог Алексей Водовозов дар сӯҳбат бо радиои Sputnik нақл кард. Ӯ гуфт, ин сатҳи муҳофизат барои онҳое, ки гирифтори коронавирус ва ваксина шудаанд, дастрас аст.
"Ин усули самараноки эмин мондан аз омикрон мебошад ва он ҳатто аз ҷиҳати назариявӣ имконпазир аст", - афзудааст табиб.
Ин мутахассис мегӯяд, новобаста аз он ки шахс қаблан бемориро паси сар карда буд, бояд ҳатман ваксина гирад. Ба таъкиди ӯ, агар ваксина сад фисад одамро аз ин беморӣ эмин накунад, аммо ҷараёни маризиро даҳчанд сабук мегардонад.
Бемороне, ки ваксина гирифтаанд, хатари пайваст шудан ба дастгоҳи нафасдиҳии сунъӣ ва ҳамчунин ба марг рӯбарӯ шудан хеле кам аст.
Ба гуфтаи табиб, онҳое, ки қаблан гирифтори навъи делта шудаанд, эҳтимол аз ин навъ ҳам сироят ёбанд. Ягона роҳи бехавф сипарӣкардани бемориро ин табиб дар гирифтани ду воя ваксина мебинад.
Қаблан Роспотребнадзор аз зуҳури зуди аломатҳо пас аз сироят бо омикрон хабар дода буд. Давраи инкубатсионии он аксар вақт аз се то шаш рӯз идома меёбад.