ДУШАНБЕ, 26 дек — Sputnik. Сатторзода Абдуҷаббор роҳбари дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон таъйин гардид.
Қарори Маҷлиси намояндагон дар ин бора дар ҷаласаи ахир таҳти раёсати Маҳмадтоир Зокирзода қабул гардидааст, хабар дод нашрияи парлумонии "Садои мардум".
Сатторзода дар ин мақом Мизроб Кабировро иваз кард, ки аз соли 2016 то ҳол роҳбарии дастгоҳи Маҷлиси намояндагонро ба уҳда дошт.
Далели барканории Мизроб Саидович баромаданаш ба нафақа арзёбӣ гардидааст. Ӯ моҳи июли соли равон 63-сола шуд.
Бар асоси ҳолномаи Кабиров, ки Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон дар сомонааш нашр намудааст, ӯ соли 1958 дар шаҳри Кӯлоб таваллуд шуда, дар мақомоти адлия ва инчунин дар вазифаи мушовири давлатии раисҷумҳур дар бахши мудофиа ва тартиботи ҳуқуқӣ кор кардааст.
Ӯ ҳамчунин дар палатаи болои парлумони Тоҷикистон фаъолият карда, аз соли 2010 то 2016 роҳбарии дастгоҳи Маҷлиси миллиро ба уҳда доштааст.