Дар наворҳо ҳолати парвози ҳавопаймо ва ҳаракати он дар баландии паст нишон дода мешавад.
Ҳавопаймое, ки аз маводи воридотиваз сохта шудааст, нахуст рӯзи шанбеи 25 декабр дар майдони озмоишии корхонаи ҳавопаймосозии Иркутск ба ҳаво баромад.
"Парвоз дар реҷаи муқаррарӣ сурат гирифт", - гуфт хадамоти матбуоти корпоратсияи давлатии "Ростек"-и Русия.
Таҳия ва истеҳсоли маводи композитии полимерии Русия барои боли ҳавопаймои MC-21 пас аз он оғоз шуд, ки Иёлоти Муттаҳида дар моҳи сентябри соли 2018 маҳдудиятҳои тиҷоратӣ барои "АэроКомпозит" ҷорӣ кард.
Ҳиссаи композитҳо дар сохтори МС-21 қариб 40 фоизро ташкил дод. Эҷоди ин маводи ивазкунандаи воридот барои Русия 4,4 миллиард уфтод.
MS-21 ("Ҳавопаймои магистралии асри XXI") - ҳавопаймои мусофирбарии миёнапарвози русӣ аст.
Ҳавопаймо барои интиқоли аз 163 то 211 мусофир пешбинӣ шудааст.
Ҳавопаймо аввалин парвози худро 28 майи соли 2017 анҷом дод ва бори аввал моҳи сентябри соли 2019 барои боздидҳои оммавӣ дар MAKS-2019 нишон дода шуд.