Тарси Туркия аз эҳтимоли ҷанг бо Русия

Туркия метавонад дар сурати идомаи муқовимат миёни Русия ва Украина ба нерӯҳои НАТО фармондеҳӣ кунад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 24 дек — Sputnik. Афзоиши танишҳо дар атрофи Украина мустақиман ба Туркия таъсир мерасонад, менависад РИА "Новости" бо такя ба "Habertürk".
Муаллифи мақола Четинер Четин ёдовар шудааст, ки имсол Анкара фармондеҳи нерӯи муштараки омодагии НАТО - пояи нерӯҳои вокуниши сареи паймон аст. Ин сохтори низомӣ соли 2014 барои ҷилавгирӣ аз Маскав дар замони буҳрони Украина таъсис дода шуда буд.
Четин бовар дорад, дар сурати муноқишаи ошкор бояд Туркия аввалин шуда, ба Киев кумак кунад. Дар чунин вазъият Туркия бояд на танҳо дар амалиёти низомӣ ширкат мекунад, балки воқеан онро раҳбарӣ менамояд.
Ба гуфти муаллифи матлаб, Анкара бояд “дар равобити низомӣ, сиёсӣ, иқтисодӣ ва иктишофӣ ниҳоят эҳтиёткор бошад”.
Қодиров Туркияро дар пуштибонӣ аз террористҳо муттаҳам кард
"Аммо дар ҳоле ки мо дар фармондеҳии VJTF (Гурӯҳи муштараки омодагии олӣ - идора.) қарор дорем ва норинҷак ба зидди Русия ба дасти мо афтад, чӣ мешавад? Оё мо дар муносибат бо Маскав ва дар қиёс бо тахриби ҳавопаймои русӣ дар соли 2015 ба буҳрони бештар гирифтор нахоҳем шуд? Буҳрони Украинаву Русия чӣ гуна идора хоҳад шуд?" — суолгузорӣ кардааст Четин.
Вақтҳои охир Ғарб ҳарчи бештар иддао мекунад, ки Русия барои "ҳуҷум" ба Украина омодагӣ мегирад. Маскав инро рад мекунад ва таъкид менамояд, ки ҳаракати нерӯҳо дар қаламрави худаш набояд касеро ба ташвиш орад.
Тавре Кремл борҳо таъкид кардааст, аз чунин амалҳо ҳамчун баҳона барои ҷойгир кардани техникаи ҳарбӣ ва нерӯҳои НАТО дар марзҳои Русия истифода мешавад.
Владимир Путин зимни нишасти хабарӣ дар посух ба суоли як хабарнигори бритониёӣ дар бораи "эҳтимоли ҳамла"-и Русия ба Украина ишора кард, ки Маскав касеро таҳдид намекунад.