Путин: Иҳонат ба Паёмбари Ислом (с) на озодӣ, балки нақзи ҳуқуқи мусалмонон аст

Нишасти матбуотии Владимир Путин, ки 3 соату 55 дақиқа идома ёфт, мавзуоти васееро шомил мешуд, бинобар ин муҳимтарин нукотро мо дар ин матлаб гирдоварӣ кардем. Албатта, ин матлаб бархоста аз посухи 55 суоли матраҳшуда ба раисҷумҳури Русия аст, ки мутолеа мекунед
Sputnik
ДУШАНБЕ, 24 дек — Sputnik. Нишасти матбуотии Владимир Путин, дар пойтахти Русия бо ҳузури беш аз 500 рӯзноманигори дохиливу хориҷӣ баргузор шуд.
Дар ин нишасти матбуоти раисҷумҳури Русия ба суолҳои мухталифи хабарнигорон посух дод. Аз ҷумла дар ин нишаст рӯзноманигорон аз вазъи иқтисоди кишвар, барномаҳои иҷтимоӣ, коронавирус, муҳоҷират, ваксина ва суол карданд.

Иқтисод

Аз ҷумла роҳбари Русия гуфт, ки коҳиши иқтисоди Русия бар асари пандемия 3% - ро ташкил дод.
Дар ҳамин ҳол, кишвардор таъкид кард, ки эҳёи ин бахш дар кишвар нисбат ба дигар кишварҳо ба маротиб зудтар сурат гирифтааст.
"Иқтисоди мо, ки бо чолишҳо ва маҳдудиятҳои маҷбурӣ дар иқтисод рӯбарӯ шуда буд, ба ҳар ҳол назар ба бисёре аз кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон, ҳатто агар мо G20-ро бигирем, бештар сафарбар ва ба зарбаҳо омода шуд", - гуфт Путин.
Тибқи гузориши Путин, сатҳи ММД дар охири соли 2021 - 4,5% дар назар аст.
Путин таъсири коронавирус ба иқтисоди Русияро арзёбӣ кард
"Дар моҳи октябр ин нишондод 4,6 фоизро ташкил дод", - гуфт сарвари давлат.
Путин афзуд, афзоиши даромади воқеии аҳолӣ то охири сол, тибқи пешгӯии коршиносон, 3,5 дарсадро ташкил хоҳад дод.

Бахши сохтмон

Дар ҳамин ҳол, Владимир Путин зимни нишасти матбуотӣ қайд кард, ки Русия дар соҳаи сохтмон ба нишондиҳандаи рекордӣ расид.
Вай гуфт, Русия дар соли 2021 ба нишондиҳандаҳои рекордӣ - то 90 миллион метри мураббаъ, дар соҳаи сохтмони манзил расид.
"Нишондодҳои хеле хуб дар сохтмон, рекорд, 90 миллион метри мураббаъ. Дар таърихи муосири Русия бори аввал аст, ки чунин натиҷа ба даст оварда мешавад", - гуфт Путин.
Путин сохтмончиёнро табрик кард: ба нишондоди рекордӣ расидем
Ӯ ҳамаи коргарони соҳаи бинокорӣ "ҳам чеҳраҳои аввал ва ҳам онҳоеро, ки бевосита дар сохтмонҳо кор мекунанд" бо ин муваффақият табрик кард.

Коронавирус ва моякӯбӣ

Путин дар ин нишасти матбуотӣ ба масъалаи коронавирус ва моякӯбии аҳолӣ таваҷҷуҳи хос зоҳир кард.
Владимир Путин зимни нишасти бузурги матбуотӣ ба хабарнигорон гуфт, чанд фисади аҳолии ин кишвар алайҳи вируси COVID - 19 масунияти оммавӣ пайдо карданд.
Ба гуфтаи вай дар ҳоли ҳозир тақрибан 60 дарсади аҳолии калонсол дар Русия бар зидди коронавирус моякӯбӣ карда шудаанд.
"Дар Русия ҳоло 59,4% масунияти оммавӣ мавҷуд аст. Инҳо ҳам онҳое ҳастанд, ки сиҳат шудаанд ва ҳам онҳое ҳастанд, ки ваксина гирифтаанд. Ҳудуди 70 миллион нафари мо ваксинаи аввалро гирифтанд", - гуфт президент.
Владимир Путин қайд кард, ки ҳоло кишвар ба 80 дарсадии масуният ниёз дорад дорад ва ӯ изҳори умедворӣ намуд, ки соли оянда, дар семоҳаи якум ё дуюм ба ин дараҷа мерасанд.
Путин гуфт, дар Русия чанд фисади аҳолӣ алайҳи коронавирус масуният пайдо кард
Путин қайд кард, ки дар баъзе кишварҳо пешниҳод карда мешавад, ки беш аз 90-95 дарсади ҷамъияти умумӣ ваксина карда шаванд.
Президенти Русия дар нишасти хабарӣ дар бораи афзоиши рӯзафзуни маргумир дар Русия посух дод.
Вай афзуд, ки сатҳи баланди фавт аз коронавирус натиҷаи нокифояи масунияти оммавӣ аст.
Президент қайд кард, афроде, ки ваксина гирифтаанд ва бемориро аз сар гузаронидаанд, амалан дубора ба он гирифтор намешаванд.
"Танҳо 1%-и ашхосе, ки ин бемориро аз сар гузаронидаанд, бори дуввум ва танҳо 3-4% аз ваксинашудаҳо бемор мешаванд", - таъкид кард Путин.
Раҳбари Кремл хотиррасон кард, ки дар ИҶШС ба сиёсати моякӯбӣ чӣ тавр муносибат мекарданд.
"Чап-чап-чап ва тамом, рафтем", - гуфт ӯ.
Президент инчунин дар бораи паҳн кардани ваксинаҳои мухталифи зидди коронавирус дар саросари ҷаҳон изҳори назар кард.
Путин гуфт, мухолифи ҷазо додани ваксинбезорҳо аст
Дар ҳамин ҳол, хабарнигорон аз Владимир Путин бобати чӣ гуна ҷазо додани нафароне, ки гирифтани ваксинаро намехоҳанд, пурсон шуданд.
Владимир Путин мухолифи он аст, ки аҳолии Русия маҷбур сохт то моякӯбӣ шаванд. Ӯ гуфт ҳар сахтгирӣ кунем мардуми бо ҳуши Русия роҳои гурез меҷӯянд.
Дар Русия ҳеҷ кас барои саркашӣ аз моякӯбӣ таъқиб намешавад, гуфт Владимир Путин зимни нишасти матбуотӣ.
"Зарурати ҷорӣ кардани чораҳои шадиди алайҳи ваксинбезорҳо ҷой дорад? фикр мекунам, на. Агар даст ба фишороварӣ занем дарҳол роҳҳои гурез пайдо мешаванд", - тавзеҳ дод президенти Русия.
Президент, таъкид кард, ки ба мухолифони ваксина эҳтиромона муносибат карда, зарурати эмгузарониро ба онҳо босаброна фаҳмондан лозим аст.

Украина ва Донбасс

Дигра масъалаи муҳиме, ки Путин ба он посух дод масъалаи Украина пайвастшавии Қрим ва ояндаи Донбас буд.
Ба гуфтаи раисҷумҳури Русия созишномаи Минск, ягона санади созиши имконпазир дар мавриди Донбасс мебошад, вале Киев намехоҳад онро иҷро кунад
Владимир Путин дар посух ба "суоли ояндаи Донбассро кӣ муайян мекунад?" посух дод, ки "танҳо сокинони ин минтақа".
"Инсонҳоро куштанду сӯзонданд": ёдоварӣ аз табаддулоти Украина
Путин зикр кард, нақши Русия дар ин раванд миёнҷигарӣ аст, аммо ҳоло раванде ҷараён дорад, ки моро дар нақши як тарафи низоъ нишон медиҳанд. Ба гуфтаи раисҷумҳури Русия, мушкилот дар ин хусус вуҷуд дорад.
Ӯ гуфт, тибқи созишномаи Минск, Украина муваззаф аст, Қонуни Асосии худро ислоҳ, мухтории минтақаро таъмин, интихобот баргузор ва афв эълон кунад.
Аммо президент гуфт, Киев бар ивази кор дар ин бахш қӯшунҳои худро ҷо ба ҷо мекунад.
Созишномаи Минск ягона созиши имконпазир дар Донбасс аст, аммо Киев намехоҳад, ки онҳоро иҷро кунад.
Ҳамчунин Президенти Русия аз сиёсатмадорони ғарбӣ дар зимни тамаркуз ба мавзуи табаддулоти давлатӣ дар Украина интиқод кард.
Соли 2014 дар Украина табаддулоти хунини давлатӣ сурат гирифт, гуфт Владимир Путин зимни нишасти хабарии бузургаш дар қасри "Манеж".
"Дар он ҷо одамонро сӯзонданду куштанд. Ҳоло ман намегӯям, кӣ ҳақ аст ва кӣ ноҳақ", - гуфт раҳбари Русия.
Путин ёдовар шуд, Виктор Янукович, раисҷумҳури вақти Украина ба ҳама шартҳо розӣ буд. "Се вазир, вазирони корҳои хориҷии Лаҳистон, Олмон ва Фаронса кафолати рушди осоиштаи вазъро доданд. Он вақт ман бо ташаббуси ӯ бо президенти ИМА суҳбат кардам. Ӯ аз ман ҳам хоҳиш кард, ки ин равандро дастгирӣ кунам. Ҳама розӣ шуданд. Пас аз як-ду рӯз табаддулот сурат гирифт. Чаро? Ҷавоб нест", - гуфт Путин.
Раисҷумҳур дар бораи тақдири Донбасс гуфт
Ёдовар мешавем, моҳи ноябри соли 2013 Ҳукумати Украина раванди имзои созишномаи ташкили анҷумане барои ҳамкориҳои миёни Киеву Брюсселро ба таъхир андохт, ки ин иқдом боиси буҳрони шадиди сиёсӣ ва эътирози густурда дар ин кишвар шуд.
16 январи соли 2014 аз ҷониби Радаи болоӣ қабули бастаи қонунҳо дар бораи сахттар кардани муҷозот барои ширкат дар тазоҳуроти беиҷоза боиси муқовимати шадиди хушунатбор гардид. Баъдтар ин қонунҳо бекор карда шуданд.
Аз 18 феврали ҳамон сол то инҷониб вазъ якбора бад шуда, маркази Киев шоҳиди хунрезии шуд.
Шуруи хушунату хунрезӣ дар маркази Киев боиси фирори густардаи вакилон ва барканории иҷбории Виктор Янукович аз қудрат шуд. Илова бар ин пас аз ин ҳама сокинони Қрим тасмим гирифтанд, ки сарзаминашон ба Русия пайвандад.
Ба гуфтаи Владимир Путин, то табоддулот дар Украина ҳеҷ тасаввуре надоштанд, ки Қрим ба Русия пайваст мешавад.
"Чӣ гуна мо метавонистем аз Севастопол, Қрим даст бардорем ва мардумеро, ки он ҷо зиндагӣ мекунанд, таҳти ҳимояти худ нагирем? Ин ғайриимкон аст. Мо наметавонистем дар ғайри сурат амал кунем", - таъкид кард Путин.

Нархи газ

Кишвардори Русия, Владимир Путин зимни нишасти матбуотӣ шарҳ дод, ки чаро нархи газ дар Аврупо гарон шудааст
Ба гуфтаи вай нархи баланди гази моеъ ба амалҳои Русия ва "Газпром" рабте надорад.
Раҳбари Русия дар посух ба суоли рӯзноманигорон дар бораи афзоиши қимати газ дар Аврупо гуфт, "Газпром" на ҳаҷми интиқоли маводи сӯхтро коҳиш, балки афзоиш додааст.
"Газпром" тамоми ҳаҷми дархости ҳамтоёни моро тибқи қарордодҳои мавҷуда ва на танҳо тамоми ҳаҷмро таъмин мекунад, балки интиқоли онро ба кишварҳои хориҷ 12-20% ва ҳамчунин ба Аврупо афзоиш медиҳад", - гуфт Путин.
Путин сабаби афзоиши қимати газ дар Аврупоро шарҳ дод
Ба гуфтаи президент, сабаби болоравии нархро метавон ба он рабт дод, ки таъминкунандагони амрикоиро аз бозори Аврупо хориҷ карда, ба бозорҳои олӣ дар Осиё ва Амрикои Ҷанубӣ интиқол доданд.
Президент ёдовар шуд, ӯ борҳо ба Комиссияи Аврупо пешниҳод карда буд, ки шартномаҳои дарозмуддат дар бораи интиқоли гази Русия ба Аврупоро қатъ накунанд.
"Мо бояд ба муносибатҳои бозорӣ гузарем," - гуфт Комиссияи Аврупо ба мо, "бозор танзим мешавад, аз ин рӯ беш аз 2 ҳазор доллар барои як ҳазор метри мукааб танзим шудааст", - таъкид кард сарвари Русия.
"Газпром" иқтидори лӯлаи гази Ямал - Аврупоро ба қайд нагирифтааст, зеро шарикони аврупоӣ барои хариди газ дархост пешниҳод накарданд ва сипас ба интиқоли газ аз Олмон ба Лаҳистон шуруъ карданд, зеро Олмону Русия шартномаи дарозмуддат доранд, ки арзиши онро коҳиш медиҳад.

Муносибат бо Ғарб, кафолат ва НАТО

Владимир Путин дар нишасти хабарӣ ба суоли хабарнигори шабакаи телевизионии бритониёии "Sky News" вокуниши шадид нишон дод.
Диана Магни ба мавзуи ҳамлаи эҳтимолии Русия ба Украина дахл кард. Ин суол Путинро хашмгин кард. Вай сахт посух дод, ки дар ин вазъият иғвогари асосӣ Ғарб мебошад.
"Иёлоти Муттаҳида бо мушакҳои худ ба остонаи хонаи мо омад", - гуфт Путин.
Дар баробари ин Путин таъкид кард, ки ҳаракати минбаъдаи НАТО ба Шарқ ғайриқобили қабул аст. Амалҳои Русия ба зарурати таъмини амнияти бидуни қайду шарти шаҳрвандон вобаста хоҳад буд, гуфт президенти Русия.
Путин: Ҳаракати НАТО ба самти шарқ қобили қабул нест
Ба гуфти вай, солҳои 90-ум Русияро бо ваъдаҳои густариш надодани НАТО "бешарафона фиреб" доданд.
"Дар солҳои 90-ум ба мо мегуфтанд, ки "як ваҷаб ҳам ба Шарқ намеоем". Хайр чӣ? Фиреб доданд. Панҷ мавҷи густариши НАТО!”, - гуфт Путин.
Вай бо як шеваи тунд таъкид кард, ки Ғарб бояд фавран кафолати амниятии Русияро бидиҳад.
"Бе ягон найранг мо танҳо бевосита суол гузоштем, ки минбаъд НАТО ба Шарқ ҳаракат накунад. Тӯб дар тарафи онҳост, онҳо бояд ба мо ҷавоб диҳанд", - афзуд Путин.
Роҳбари Русия илова кард, ки ҳаракати нерӯҳои НАТО ба марзҳои Русия ғайри қобили қабул аст.
"Амалҳои мо на аз ҷараёни музокирот, балки аз таъмини бечунучарои амнияти Русия имрӯз ва аз дурнамои таърихӣ вобаста хоҳад буд", - гуфт раҳбари Русия.
Путин изҳор дошт, ки агар Русия мушакҳои худро дар марзи ИМА бо Канада ва ё Мексика интиқол медод, дар ин сурат чӣ мешавад.
"Ҷойгир накардани мушакҳои амрикоӣ дар наздикии марзҳои Русия талаби зиёдатӣ нест", - таъкид кард сарвари давлат.

Шарики асосӣ дар Осиёи Марказӣ

Президенти Русия дар бораи дурнамои ҳамкориҳо бо яке аз кишварҳои Осиёи Марказӣ сухан гуфт
Владимир Путин, раисҷумҳури Русия дар нишасти матбуотӣ Қазоқистонро шарики беназир ва наздики Русия хонд.
Вай бар робитаҳои мустаҳками ду кишвар дар бахшҳои мухталиф таъкид намуда, ҳамчунин дар бораи равобити хуб бо раҳбари ин кишвар Қосимҷомарт Тоқаев ҳарф зад. Раҳбари Русия таъкид кард, пандемияи коронавирус ба Қазоқистон имкон надод, ки барномаи тарҳрезикардаи ин ду кишварро иҷроӣ кунад.
Русия шарики асосии ин кишвар дар Осиёи Марказиро эълон кард
Сафари президенти Русия низ ба ин кишвар низ лағв шуд. Путин изҳори умедворӣ кард, президенти нахустини Қазоқистон Нурсултон Назарбоев ва Тоқаев 28 декабр дар як нишасти ғайрирасмӣ дар Санкт-Петербург ширкат хоҳанд кард.
"Ман воқеан ба ин умед дорам ва раҳбарияти Қазоқистон ба ин ризоияти пешакии худро додааст", - таъкид кард Путин.
Илова бар ин президент дар бораи ҳамкориҳои минбаъда бо ин ҷумҳурӣ сухан гуфт.
Ҳамин тариқ Русия ва Қазоқистон ният доранд, ки равобитро дар арсаи иқтисодӣ боз ҳам густариш диҳанд.
Ба гуфтаи Путин, таваҷҷуҳи асосӣ ба рақамисозӣ, генетика ва тиб дода мешавад.

Русия толибонро ба расмият мешиносад?

Владимир Путин дар ин нишасти матбуотӣ дар бораи дигар кишварҳои ИДМ сухан накард. Аммо дар посух ба суоли хабарнигорои Sputnik Афғонистон дар бораи ба расмият шинохтани толибон посухи комил дод.
Раисҷумҳури Русия гуфт, дар ба расмият шинохтани давлати толибон Русия мавқеи худро дорад
Владимир Путин гуфт, кишвараш дар мавриди эътироф кардани толибон бо ҷомеаи байналмилалӣ ҳамкорӣ мекунад ва Русия дар ин хусус мавқеи худро дорад.
Путин ҳамчунин гуфт, Русия мехоҳад бо Афғонистон равобити хуб дошта бошад.
Путин шартҳои барасмиятшиносии ҳукумати толибонро гуфт
“Ман мехоҳам, ки равобите хубе миёни Русияву Афғонистон барқарор шавад. Ман дар назар дорам, манофеи мутақобилаи мо дар ба эътидол овардани вазъ дар минтақа зоҳир мешавад. Барои мо ин як масъалаи муҳим аст. Мо ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ, марзҳои боз дорем”, - гуфт, роҳбари Русия.
Владимир Путин қайд кард, имконияти ворид шудани баъзе унсурҳои ифротӣ Русияро нигарон кардааст.
Президенти Русия илова кард, ки ҳоло ҳам ба кишварҳо миқдори зиёди маводи мухаддир аз қаламрави Афғонистон ворид мешавад. 90 дарсади афюн дар бозори ҷаҳонӣ аз Афғонистон мебошанд, ки моро наметавонад нагорон насозад.
Дар мавриди эътирофи толибон Владимир Путин гуфт, бояд ба воқеият нигарем, яъне қудрате, ки дар садри раҳбарии ин кишвар қарор дорад, тавре шакл гирад, ки ҳамаи ақвоми Афғонистонро шомил шавад.
“Ба назари ман, танҳо дар ин вазъ метавон шароити сулҳу субот дар Афғонистонро фарҳам кард ва ба ояндаи ин кишвар умед баст”, - зикр кард Путин .
Роҳбари Русия гуфт, дар аввал бояд бидуни шак, ба мардуми Афғонистон ёрӣ кард.
Вай таъкид кард, ин корро пеш аз ҳама бояд он давлатҳое анҷом диҳанд, ки ба иқтисоди Афғонистон ва худи мардуми ин кишвар зарари калон расондаанд.
Путин гуфт, Бобои барфӣ ба ӯ чӣ туҳфаҳо тақдим мекунад
“Ҳамонҳое, ки давоми 20 сол дар ин кишвар буданд, иқтисодиёти онро хароб карданд, бояд пеш аз ҳама кумак кунанд. Мо аз тарафи худ ҳар чизе вобаста аст, анҷом медиҳем. Аммо пеш аз ҳама бояд пулҳои Афғонистон озод карда шаванд. Дороиҳои пулии Афғонистон, ки пеш аз ҳама дар бонкҳои амрикоӣ нигоҳ дошта мешаванд, барои кумаки башардӯстона ба мардуми Афғонистон равон карда шаванд. Чун дар ин кишвар метавонад гуруснагӣ сар занад ва он ба кишвари ҳамсоя таъсири манфӣ мерасонад”, - афзуд раисҷумҳури Русия.
Инчунин Владимир Путин илова кард, дар масъалаи этироф кардан ё накардани толибон бо ҷомеаи байналмилалӣ ҳамкорӣ мекунанд ва Русия дар ин хусус мавқеи худро дорад.

Ислому Паёмбар (с)

Дар ин зимн Владимир Путин ба яке аз мавзуҳои ҳассос иҳонат ба Паёмбари Ислом ишора кард, ки чанд соли ахир аз масъалаи доғ дар кишварҳои Аврупоист. Ӯ дар ин зимн гуфт.
“Иҳонат бар Паёмбари Ислом Муҳаммад (с) озодии эҷоди нест. Ман ба ин назарам, ки ин на озодӣ балки нақзи озодиҳои эътиқод ва эҳсоси динии пайравони ислом аст”.
Путин илова кард, ки чунин иқдомот боиси бурузи зуҳуроти бештари ифротӣ мешаванд.
Аз рӯи анъана, нишастҳои бузурги матбуотии Владимир Путин ҷамъбасти сол ҳисобида мешаванд.
Саволҳои рӯзноманигорон маъмулан ба бахшҳои мухталифи сиёсати дохилӣ ва хориҷии Русия дахл карда, баъзан ба ҳаёти шахсии кишвардор низ дахл доранд.