Нигаронии ЮНИСЕФ аз афзоиши гуруснагии кудакон дар Афғонистон

Ниҳодҳои ҷаҳонии беҳдошт дар канори кӯдакон шароити зиндагиро барои модарон дар Афғонистон низ нигаронкунанда гуфтаанд ва аз эҳтимоли афзоиш дар маргу мири модарону навзодон дар Афғонистон ҳушдор доданд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 24 дек — Sputnik. Сандуқи пуштибонӣ аз кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид (ЮНИСЕФ) бо нигаронӣ аз афзоиши кӯдакони гурусна дар Афғонистон гуфтааст, ки аз ҳар ду кӯдак яке он ба иллати набудани ғизо ва дастрасии ночиз ба обу хидмати беҳдоштӣ дар соли ояндаи милодӣ дар Афғонистон ба гуруснагии шадид гирифтор хоҳад шуд.
Бинобар ин ёфтаҳо, беш аз 66 ҳазор рӯйдоди сурхакон дар миёни кӯдакон дар Афғонистон имсол сабт шудааст.
"Мо дар шароити замонии бисёр муҳим барои кӯдакони афғон қарор дорем, дар авзое, ки фасли сармо таҳдидҳоро барои саломатии онон бештар мекунад. Замон барои аз даст додан нест, бидуни иқдоми бедиранг, эҷоди ҳамоҳангӣ, басиҷ, манобеи молӣ ва ирсоли пули нақд мумкин аст, шумори зиёде аз кудакон натавонанд баҳори ояндаро бубинанд", - гуфт Абдулқодир Мусо, намояндаи ЮНИСЕФ дар Афғонистон.
Дар ҳамин ҳол Вазорати беҳдошт хабар додааст, ки 3,2 миллион кӯдак дар ин кишвар аз норасоии ғизо ранҷ мебарад. Масъулини ин вазорат низ мегӯянд, барои боло бурдани сатҳи хидматрасонии беҳдоштӣ дар ин кишвар талош хоҳанд кард.
Нигаронии Созмонҳои байналмилалӣ аз авзои номуносиби кӯдакон дар Афғонистон
"Вазорати беҳдошти Афғонистон талош дорад, мизони хидматрасониро афзоиш диҳад", - гуфт Ҷовид Ҳоҷир, сухангӯи Вазорати беҳдошти Афғонистон.
Доктор Муҳаммад Содиқ, мудири шуъбаи кӯдаконаи бемористони Мирвайси Қандаҳор гуфт, ки шумори афроди камғизо афзоиш ёфтааст.

“Норасоии шадид дар ҳоли афзоиш аст. Онҳо ғизо намегиранд ва барои хӯрдан ҳам надоранд. Аз ин рӯ бисёри кӯдакон аз хурдӣ ба камғизоӣ рӯ ба рӯ мешаванд", - таъкид кард ӯ.

Ба ҷуз аз кӯдакон Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт аз вазъи зиндагии модарон дар Афғонистон изҳори нигаронӣ карда ва аз эҳтимоли афзоиши марги модарону кӯдакон дар Афғонистон ҳушдор додааст.