ДУШАНБЕ, 24 дек — Sputnik. Мария Захарова, намояндаи расмии Вазорати умури хориҷии Русия зимни шарҳи ифтитоҳи боғи ба номи Дудаев дар Туркия изҳор дошт, ки ин амал бо фазои ҳамкории ду кишвар созгор нест. Таъкид шуд, Маскав интизор дорад, Анқара паёмҳои Русияро ҷиддӣ қабул хоҳад кард.
Ба гуфтаи Захарова, Русия ҳар амалияи поси хотири террористҳо, ҷангҷӯён, экстремистҳоро қабул надорад ва мавқеи қатъии Маскав мебошад.
"Чунин талошҳо номатлубанду бидуни шак, маҳкумият аз ҷониби тамоми ҷомеаи ҷаҳониро талаб мекунанд. Онҳо мухолифи фазои ҳамкории тарафайни Русия ва Туркия мебошанд, ки барои таҳкимашон роҳбарони ду давлат таваҷҷуҳи зиёд зоҳир мекунанд", - изҳор дошт Захарова.
Ӯ изҳори умед кард, ки паёмҳои Русия дар мавриди номатлубии чунин иқдом аз ҷониби Туркия бо тамоми ҷиддият қабул хоҳанд шуд.
Қаблан сухангӯи раисҷумҳури Русия Дмитрий Песков қарори мақомоти Туркия дар мавриди ба номи террорист номгузорӣ намудани боғро барои сокинони Чеченистон дардовар хонда буд.
Рамзан Қодиров, раисҷумҳури Чеченистон мақомоти Туркияро дар пуштибонӣ аз террористҳое, ки дар Русия ҷиноят содир кардаанд, муттаҳам кард ва аз Вазорати хориҷа хост, алайҳи Анкара чораҳои дипломатӣ андешад. Боғи ба номи Дудаев дар яке аз минтақаҳои Туркия дар нимаи ин моҳ ифтитоҳ шуда буд.
Дар пайи он Қодиров аз президент Раҷаб Тайиб Эрдуғон талаб кард, тасмим бигирад, ё Туркия мақоми давлатеро мегирад, ки ошкоро террористҳоро дастгирӣ мекунад ё ҷонибдори равобити шаффофу пок бо Маскав, бидуни тағйир додани мавқеи худ боқӣ мемонад.