ДУШАНБЕ, 24 дек — Sputnik. Ҳомид Карзай, раисҷумҳури пешини Афғонистон дар мусоҳиба бо шабакаи телевизионии CNN аз ҷомеаи ҷаҳонӣ хостааст, ки бо толибон (гурӯҳе таҳти таҳримоти СММ барои фаъолиятҳои террористӣ) барои наҷоти ҳазорон афғонистонӣ аз маргу гуруснагӣ ҳамкорӣ кунанд.
Қаблан Филиппо Гранде, комиссари олии СММ дар умури паноҳандагон (UNHCR) гуфта буд, ки 23 миллион нафар аз 40 миллион аҳолии ин кишвар дар марзи хатари гуруснагӣ қарор доранд.
"Воқеият ин аст, ки толибон ҳоло дар Афғонистон қудрат доранд ва ҷомеаи ҷаҳонӣ бояд кумак ба афғонҳоро дар авлавияту нобоварӣ ба "мақомоти нави афғон"-ро канор гузорад", - гуфт Карзай дар мусоҳиба.
Раисҷумҳури собиқ дар посух ба суоли "чаро ҷомеаи ҷаҳонӣ аз толибон, ки масъули бисёре аз ҳодисаҳои аснодшудаи зулму кушторҳост, пуштибонӣ мекунад?", гуфт, "ҳамаи ҷонибҳои марбут ба Афғонистон" ҷиноят содир кардаанд ва ин "бахши ҳаёти мо" аст.
Вай афзуд, тамоми афғонҳо кушта шудаанд ва хориҷиҳо ба номи толибон Афғонистонро бомборон кардаанд.
Деҳаҳои мо валангору кудакон кушта, оилаҳо овора шуданд ва дар ниҳоят афғонҳо зарар диданд.
Ҳомид Карзай ҳамчунин гуфт, дар музокирот бо толибон ширкат доштанашро ба назар гирифта, аммо нияти идораи кишварро дар оянда надорад.
“Мехоҳам дар ин ҷо (дар Афғонистон) ҳамчун як шаҳрванди оддии ин кишвар зиндагӣ кунам ва барои рушди Ватану оромии фарзандони ин кишвар ҳар кори аз дастам меомадаро мекунам, то мо, ҳама тавонем дар фазои осоишта, бидуни ҷанг ва низоъ зиндагӣ кунем", - гуфтааст раисҷумҳури собиқи Афғонистон.
"Ҳамчун фарзандони ин сарзамин, ҳам мо ва ҳам толибон бояд дарк кунем, ки якҷоя зиндагӣ мекунем ва барои ҳифзи кишвари худ якҷоя кор мекунем, ин мушкил нест, агар мо худро аз идораи дигарон озод созем", - гуфт Карзай.
Ҳомид Карзай ва Абдуллоҳ Абдуллоҳ, раиси собиқи Шӯрои оштии миллии Афғонистон аз муҳимтарин раҳбарони ин кишвар буданд, ки пас аз тасарруфи толибон сарзаминашонро тарк накарданд.