ДУШАНБЕ, 23 дек – Sputnik. Муҷиб-ур-раҳмон Умар, муовини вазири энержӣ ва оби толибон дар як нишасти хабарӣ гуфтааст, ки ин вазорат корҳои боқимондаи бандҳои Камолхон ва Шоҳу Арӯсро такмил медиҳад, иттилоъ додааст Sputnik Афғонистон.
Ба гуфтаи вай, Вазорати энержӣ ва об дар садади эҷоди як канали об аз дарёи Панҷшер ё банди Шоҳу Арӯс барои обрасонӣ дар шаҳи Кобул аст.
Оқои Умар гуфт, 70 дарсади обҳои кишвар беҳуда меравад, раҳбари ин вазорат талош дорад, ки оби кишварро назорат ва идора кунад.
"Афғонистон дар сурати назорат кардани об дар соҳаҳои саноат, кишоварзӣ ва тавлиди нерӯи барқ худкифо мешавад", - илова кард мансабдори давлатии толибон.
Ёдовар мешавем, дарёҳои Афғонистон аз лиҳози минтақаҳои обӣ ба чанд ҳавзаи обгир тақсим мешаванд: минтақаҳои обии шаҳри Ҳиндукуш, ҷануби Ҳиндукуш, бахши марказӣ, шимолию ҷанубӣ, Кӯҳи Бобо ва Сафедкуҳ; ҳавзаҳои обгир — Ому, (Панҷ бо шохобҳояш Кӯкча, Сурхоб,) Кобул (шохоби дарёи Ҳинд), Фараҳрӯд, Ҳилманд, Ҳарирӯд, Мурғоб, Хулм, Балхоб, Андхӯй.
Аксари дарёҳо аз пиряху барф маншаъ гирифта, дар баҳорон дамиш мекунанд, дар тобистон камоб мешаванд, баъзеашон дар регзорҳо нопадид мегарданд ва ё барои обёрии киштҳо тақсим мешаванд.
Нерӯи энержии дарёҳои Афғонистон ба таври комил то ҳол таҳқиқ нашудааст.
Афғонистон ҳамчунин дорои чанд кӯл аст: Зуркӯл, Ҳақмақтин, Шево (Бадахшон), Ҳомун, Ҳилманд, Гудзира (ҷануби Афғонистон), Мақар. Кӯлҳои дар биёбон воқеъгардида айёми гармо мехушканд.