ДУШАНБЕ, 23 дек — Sputnik. Ба шабакаҳои иҷтимоӣ наворе роҳ ёфт, ки боиси интиқоди шадиди корбарон гардид. Дар ин навор дида мешавад, донишомӯзони тоҷик дар сари як духтар аввал чанд тухм шикастанду баъдан ба он кетчупу майонез молиданд.
Корбарон шадидан ин амали мактаббачагонро мавриди интиқод қарор дода, аксари онҳо волидонро гунаҳкор мекарданду қисми дигар гуноҳро ба сари муаллимон бор карда, аз роҳандозии шеваи нодурусти таълим дар макотиб гила намудаанд.
Аммо кормандони Раёсати умури дохилӣ дар шаҳри Душанбе, "қаҳрамонон" -и ин наворо муайян ва ба далели ноболиғ будани онҳо волидонашонро ба идораи милитсия даъвату онҳоро аз асли воқеа хабардор намуданд.
Муайян гардид, ки ин ҳодиса дар мактаби таҳсилоти миёнаи умумии рақами 55-и пойтахт, дар синфи хатмкунандагон сурат гирифтааст.
Ба навиштаи расонаҳо, хонандагон бо ҳамин шеваи ғайриоддӣ ҳамсинафашонро бо рӯзи мавлудаш табрик намудаанд. Хонаводаи ин духтар мегӯяд, нисбати ягон хонанда даъво надоранд ва ба фарзандашон ягон осеби ҷиддӣ расонда нашудааст.
Раёсати Вазорати умури дохилӣ дар шаҳри Душанбе меафзояд, барои вайрон намудани талаботи Қонун дар бораи масъулияти падару модар нисбати волидони хонандагон парвандаи маъмурӣ тартиб дода шудааст ва барои баррасӣ ба мақомоти судӣ ирсол гардидааст.