Ширкатҳои умури ҳаҷ интизор доранд, ки сафари зоирини тоҷик аз аввали 2022 оғоз мешавад

Ширкатҳое, ки барои фиристодани тоҷикистониён ба ҳаҷҷи умра иҷозатнома доранд, умедворанд, ки аз оғози соли 2022 сафари шаҳрвандони кишвар барои зиёрати маконҳои муқаддаси ислом иҷозат дода хоҳад шуд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 22 дек – Sputnik. Масъалаи иҷозаи сафари шаҳрвандони Тоҷикистон ба ҳаҷҷи умра дар баррасии комиссияи Ситоди мубориза бо бемории COVID-19 қарор дорад, изҳор кард Муҳаммади Эркин, як масъули ширкати "Расулсохтмон" дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон.
Масъулини ин ширкат, ки дар бахши фиристодани тоҷикистониён ба ҳаҷ фаъолият мекунанд, интизор доранд, баррасии масъала дар оғози соли нави мелодӣ ниҳоӣ мешавад.

"Арабистони Саудӣ маҳдудиятҳои вуруди сокинони Тоҷикистонро бекор кард. Умедворем, баъди омӯзиши вазъ аз ҷониби ситоди ҷумҳуриявӣ сафари шаҳрвандон ба ҳаҷҷи умра дар ибтидои соли нави мелодӣ оғоз хоҳад шуд", - таъкид намуд Муҳаммади Эркин.

Чанде пеш ҷониби Арабистони Саудӣ ба нашри хабари расмие эълон намуд, ки маҳдудиятҳо барои вуруди шаҳрвандони Тоҷикистон ба хоки ин кишвар лағв гардида, онҳое, ки ваксина гирифтаанд, метавонанд сафари ҳаҷ анҷом диҳанд.
Ин дар ҳолест, ки ҳаҷҷи умра беш аз якуним сол ба ин тараф бо сабаби вазъи беҳдоштӣ ба таъхир гузошта шудаст. Вазорати ҳаҷҷи Арабистон ба далели пандемия синни зоиринро аз 18 то 50 маҳдуд карда буд.
Тоҷикистон иҷозати Ҳаҷҷи Умраро гирифт
Дар Тоҷикистон сафарбарсозии сокинони кишвар ба ҳаҷҷи умра аз сӯӯи ширкатҳои сайёҳии "Расулсохтмон" ва "Ормон" роҳандозӣ мешавад.
Қабл аз пандемия ҳамасола ҳазорҳо нафар аз Тоҷикистон барои зиёрати маконҳои муқаддаси ислом - Маккаи мукаррама ва Мадинаи мунаввара ба кишвари Арабистони Саудӣ сафар мекард.