ДУШАНБЕ, 22 дек — Sputnik, Петр Акопов. Тарафдорони стратегияи сахт, яъне онҳое, ки ба идомаи бадномсозии Русия ва муқовимати куллӣ бо мо метарсанд, ки набудани вокуниши манфии сареҳ на танҳо боиси гузашт ба Русия мешавад, балки Путинро рӯҳбаланд менамояд ва ӯро ба сӯи "ҳамла ба Украина" савқ медиҳад. Ба навиштаи “The Wall Street Journal”, "талаботи Путин ИМА ва НАТО-ро меранҷонад" ва "боварии афзоянда, ҳатто итминони ӯро нишон медиҳад, ки Ғарб барои боздоштани вай ҳеҷ кори ҷиддие нахоҳад кард".
Барои Русия ҳеҷ маъно надорад, атлантистҳоро бовар кунонад, ки мо ба Украина ҳамла нахоҳем кард, илова бар ин дар шароити кунунӣ, дар фазое, ки Ғарб тақрибан ба воқеияти "таҳдиди Русия"-и бофтааш бовар кардааст, сулҳдӯстии худро исбот кардан барои мо муфид нест.
Бигзор онҳо асабонӣ шаванд, тавре ки Владимир Путин як моҳ пеш гуфта буд, "огоҳиҳои ахири мо таъсири муайяне ба бор меоранд" ва Ғарб ба "танишҳои муайян" ниёз дорад, то ба ҳадди имкон боқии умраш бештар шавад.
Ба ибораи дигар мо кӯшиш мекунем, ки нерӯи русбадбини дар Ғарб ҷамъшударо ба муқобили он истифода намоем. Азбаски тарс чашмони калон дорад, мо бояд аз ҳолати "шарикон"-и худ истифода кунем. Зиёда аз он стратегҳои оқил бемаънии сиёсати радди манофеи Русияро дарк мекунанд. Бинобар ин бо Русия гуфтушунид кардан на танҳо имконпазир, балки зарур аст. Дар ҳама ҷо ва ин кор имконпазир аст, агар майли ба назар гирифтани манфиатҳои тарафайн мавҷуд бошад.
Дар ниҳоят, Русия на танҳо дар фазои пасошӯравӣ манфиат дорад, балки дар робита ба он то ҳадди имкон мо хатҳои сурх дорем. Мо тақрибан дар тамоми минтақаҳои ҷаҳон манфиат дорем ва бо назардошти мавқеи ҷуғрофӣ ин минтақаҳо асосан бо мо ҳамсояанд. Дарвоқеъ, Русия танҳо як қудрати Авруосиёе нест, ки ҳам Норвегия ва ҳам Муғулистонро ҳаммарз медонад, балки мо як қудрати уқёнуси Ором ҳастем. Яъне на танҳо Чину Ҷопон, балки тамоми минтақаи Осиёи Ҷанубию Шарқӣ — мамлакатҳои АСЕАН ба мо наздиканд.
Ховари Миёна умуман як минтақаи марзӣ аст, зеро дар Хазар мо бо Эрон ҳамсоя ҳастем. Дуртар аз сарҳадҳои мо танҳо Амрикои Ҷанубӣ ва Африқо ҳастанд, ҳатто дар он ҷо мо манфиатҳои ҷиддӣ ва робитаҳои таърихӣ дорем.
Барои Ғарб ба тамоми ҷаҳон ҳамчун минбари мубориза бо Русия назар кардан ғайриқонунӣ аст. Азбаски Русия ҳадафи бунёди як низоми алтернативии ҷаҳониро надорад. Гузашта аз ин Русия дар роҳи ҷаҳони нави бисёрқутбӣ ҳамчун як бозигари созанда ва масъул амал мекунад, на вайронкунандаи ин дунё.
Аз ин рӯ мақолаи Анатол Ливен (яке аз мутахассисони асосии англосаксон дар минтақа) "Русия дар Ховари Миёна ҳақ аст" дар "The Foreign Policy" чоп шудааст, ки ҷолиб аст. Чаро мо пайваста мегӯем, ки Русия мехоҳад тартиботи байналмилалиро вайрон кунад, мегӯяд Ливен ва меафзояд: “Дар давоми бист соли охир дар минтақа маҳз Иёлоти Муттаҳида ҳамеша вайронкунандаи вазъ буд.
Русия ба сиёсати Амрико дар масъалаҳои калидӣ мухолифат мекард, ки бо гузашти вақт на танҳо аз назари худи Маскав ва минтақа, балки аз диди худи ИМА ва Ғарб ҳам объективию дуруст баромад.
Албатта, Русия сиёсати худро бо назардошти манфиатҳои худ пеш мебарад. Вале тасодуфӣ нест, ки вай ба манфиатҳои Ғарб мувофик аст. Амалҳои Русия дар соҳаи сиёсати хориҷӣ ва амнияти кишварҳои Ховари Миёна ба ҳисобе асос ёфтаанд, ки на танҳо ба худаш дуруст, балки ба як қисми элитаи Амрико низ наздик шудааст.
Ливен менависад, ки "ҳисоби русиро метавон зиддидемократӣ номид, аммо онро мешавад, ҳамчун ҳисси амиқи назокати давлатҳо ва тарс аз бесарусомонию ҷанги шаҳрвандии ҳамроҳ бо шакки амиқе дар мавриди тағйироти сареи инқилобӣ тавсиф кард”.
"Ин муносибат аз таърихи даҳшатноки худи Русия дар асри 20 сарчашма мегирад... Таҷрибаи шӯравӣ русҳоро дар мавриди пружаҳои тағйири инқилобии соири кишварҳо бар асоси улгӯи иделологии ҷаҳонӣ мутақоид кард. Коммунизм ба ин шева амал кард ва Русияро дар як риштаи фаҷоеи ваҳшатноку пурҳазина қарор дорад.
Бинобар ин русҳо дар назар гирифтанд, ки лоиҳаи Амрико дар мавриди масъалаҳои асосӣ ба кӯшишҳои шӯравии солҳои 1980 шабоҳат дорад ва аз ин рӯ ба ҳамон нокомӣ дучор шудааст", - меафзояд ӯ дар матлабаш.
Фаҳмидани ин ки чаро Русия барои пойбандӣ ба хатти мусташорони амрикоӣ мустаҳиқи маҳкумият аст, душвор аст, менависад Ливен, ҳарчанд дар ин ҷо ҳама чиз рӯшан аст: Вашингтон танҳо аз рӯи мантиқи ҷилавгирӣ ва мубориза бо Русия амал мекунад.
Ҳоло, дар ҳоле ки ҳукумати Байден мегӯяд, тасмим гирифтааст, бо Русия ҳамкорӣ кунад, ки ба манфиатҳои ду кишвар мувофиқат кунанд, Ливен хотиррасон мекунад: "Таърихи Ховари Миёна дар давоми бист соли охир собит мекунад, ки ҳадди ақал дар ин самт, дар ҳақиқат заминаи мустаҳкаме барои ҳамкорӣ вуҷуд дорад, аммо барои рушди минбаъдаи он сиёсатмадорони амрикоӣ бояд ҳадди ақал дар танҳоӣ эътироф кунанд, ки Русия борҳо ҳақ будани худро исбот кардаву Амрико не."
Оё имкони чунин эътироф вуҷуд дорад? Ҷавоб ба ин суол пеш аз ҳама на барои Русия, балки барои Иёлоти Муттаҳида муҳим аст, зеро маҳз он бояд аз сӯрохе, ки худро дар Ховари Миёна ба он андохтаанд, берун раванд. Иёлоти Муттаҳида бидуни дарки хатоҳои худ вазъашро танҳо бадтар мекунад ва бидуни ба инобат гирифтани манофеи Русия амал кардан дар минтақа аллакай комилан ғайриимкон аст.
Ин на танҳо ба Ховари Миёна дахл дорад, балки дар он ҷо барои гузаштан ба сиёсати мутобиқ намудани манфиатҳои ҳамдигар имкони реалӣ мавҷуд аст. Низоми ҷадиди ҷаҳонӣ аллакай дар ҳоли шаклгирист, набояд онро сарфи назар кард.