ВУХ Русия гуфт, кадом давлат ба толибон фишор меорад

Вазорати хориҷаи Амрико гуфтааст, Амрико ба ҷои эътирофи иштибоҳ толибонро фишор меорад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 22 дек — Sputnik. Амали ИМА вазъ дар Афғонистонро вазнин мекунад: онҳо ба ҷои эътиофи хатоҳои худ фишанги молиро сахт доштаанд, то ба толибон фишор оранд.
Дар ин бора РИА "Новости" бо такя ба Вазорати умури хориҷии Русия менависад.
Ёдрас менамоем, Кохи Сафед ахиран эълон кард, ки қасди озод кардани захираҳои пулии Афғонистонро надорад, ки дар бонкҳои хориҷӣ масдуд шудаанд.
Зиёда аз 10 миллиард доллар аз захоири арзии Бонки марказии Афғонистон аз замони суқути ҳукумати қаблӣ аз сӯйи Иёлоти Муттаҳида мунҷамид шудааст.
СММ ба толибон шаш миллион доллар пешниҳод кард
Аксари ин маблағҳо дар бонкҳои Иёлоти Муттаҳида масдуд шудаанд.
Ин изҳорот дар ҳоле садо медиҳад, ки Амирхон Муттакӣ, иҷрокунандаи вазифаи вазири хориҷаи толибон дар мусоҳиба бо хабаргузории "Associated Press" аз Амрико ва кишварҳои дигар даъват кард, миллиардҳо доллари мунҷамидшудаи Афғонистонро раҳо кунанд.
Изҳороти Кохи Сафед бошад, дар ҳоле садо дод, ки қурби афғонӣ дар баробари доллар дар бозорҳои Афғонистон ба поинтарин сатҳ расидааст.
Беқурбшавии афғонӣ ва болоравии қурби доллар боиси якбора боло рафтани қимати маводи ғизоӣ дар ин кишвар шудааст.

Ғасби ҳукумат аз ҷониби толибон

Толибон пас аз он ки Амрико дар баҳори соли ҷорӣ эълом кард, нерӯҳои мусаллаҳи худро аз Афғонистон берун мекунад, амалиёти густурда барои ғасби ҳукумат дар ин кишварро оғоз карданд.
Толибон мехоҳанд нерӯи ҳавоие созанд, ки аз кумаки Тоҷикистон вобаста набошад
Рӯзи 15-уми август онҳо бидуни ҷанг вориди Кобул шуданд ва президент Ашраф Ғанӣ ин кишварро тарк кард.
Рӯзи 6-уми сентябр толибон эълон карданд, ки тамоми қаламрави Афғонистонро таҳти назорат қарор додаанд ва 7 сентябр ҳайати ҳукумати муваққатро эълон карданд, ки то ҳол аз ҷониби ягон давлат эътироф нашудааст.