Патент ду баробар бештар дода шуд: шарҳи вазъи муҳоҷират дар Русия

Вазорати умури дохилии Русия охирин омори марбути муҳоҷират дар кишварро нашр намуд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 22 дек — Sputnik. Мақомоти умури дохилӣ мегӯянд, дар моҳҳои январ-ноябри соли равон теъдоди хориҷиёне, ки аз қайди муҳоҷиратӣ гузаштаанд, дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта 30 дарсад бештар аст.
Ба иттилои манбаъ, соли гузашта нуҳ миллион ҳолати қайди муҳоҷиратӣ ҷой дошт, ки соли равон он то ба 12 миллион маврид расидааст.
ВУД афзуд, дар соли 2020 шаҳрвандони хориҷӣ каме бештар аз як миллион патент гирифта буданд, ки ин нишондод соли равон аз ҳадди 2 миллион адад гузаштааст.
Сабаби ҷорӣ шудани патенти нав барои муҳоҷирон дар Русия маълум шуд
Теъдоди онҳое, ки ба шаҳрвандии Русия дар 11 моҳи соли равон қабул шудаанд, 667 ҳазору 939 нафарро ташкил медиҳад, ки шумораашон дар даври мушобеҳи соли гузашта ба 563 ҳазору 342 нафар мерасид.
Ин дар ҳолест, ки ахиран мақомоти умури дохилии Русия навъи нави патентро тасдиқ кардаанд, ки ҳомили иттилои электронӣ дар мавриди соҳибаш мебошад.
Шакли нави патент аз 29 декабри соли равон ба муҳоҷирони меҳнатӣ дода хоҳад шуд.
Мақомоти умури дохилӣ мегӯянд, дар патентҳои нав микросхемае насб хоҳад шуд, ки тамоми иттилоотро дар мавриди соҳиби санад фаро мегирад. Аз ҷумла ному насаб, маълумоти инфиродии биологӣ, акси электронӣ, изи ангушт ва дигар иттилоотро шомил мешавад.