Моякӯбии се миллион муҳоҷири афғонистонӣ дар Эрон

Се миллион муҳоҷири афғонистонӣ дар Эрон бар зидди коронавирус ваксин гирифтанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 22 дек — Sputnik. Ҳусайни Зулфиқорӣ, муовини амниятии вазири кишвари Эрон ахиран иттилоъ додааст, ки 3 миллиону 400 шаҳрванди Афғонистон ба зидди коронавирус моякӯбӣ шудааст, иттилоъ додааст хабаргузории "Парстудей".
Вай афзуд, ки дар маҷмӯъ дар ҳоли ҳозир дар ҳудуди Эрон 4 миллион нафар муҳоҷири афғонистонӣ ҳузур доранд.
Ҳусайни Зулфиқорӣ дар нишасти хабарии ҳамчунин гуфт, ки дар соли равон 500 нафари дигар ба ин теъдод изофа шуд ва бо масъулони толибон низ ҳамоҳанг шуд то аз муҳоҷирати ғайризарур ва безобита пешгирӣ шавад.
“526 ҳазор донишомӯз 51 ҳазор донишҷӯи афғонистонӣ ҳам дар мадорису донишгоҳҳои Эрон таҳсил мекунанд”, - иттилоъ дод муовини амниятии вазири кишвари Эрон.
Мансабдори эронӣ гуфт то замоне, ки ин бесуботиҳо ҳаст, шоҳиди коҳиши оворагон нахоҳем буд. Сиёсатҳои ғалату дахолатҳои беҷо дар минтақа боис шуда то ҳамвора оворагоне бошанд ва ин кори моро сахт кардааст.
Эрон: Барои вуруди муҳоҷирон деворе вуҷуд надорад
Оқои Зулфиқорӣ ёдрас шуд, ки ин кумакҳо дар қиболи ҳазинаҳое, ки анҷом мешавад, бисёр ночиз аст.
Вай бо ишора ба ҳудуди 2 ҳазор километр марзи муштараки заминӣ бо Афғонистон ва Покистон гуфт, бахше аз осебҳои мавҷуд дар ин марзҳо иттифоқ меуфтад.
“Ин кумакҳо дар ҳадди илтиём ба бахше аз ҷомеаи оворагон аст, дар ғайри ин сурат ҳазинаҳое, ки мо пардохт мекунем, бисёр болотар аз ин аст”, - зикр кард Ҳусайни Зулфиқорӣ.