ДУШАНБЕ, 22 дек — Sputnik. Нишонаҳои асосии омикрон, навъи нави коронавирус, инҳо дарди сар, оби бинӣ, сулфа, дарди гулӯ ва хастагӣ мебошанд. Дар ин бора олимони бритониёӣ эълон доштанд.
Ба гуфтаи онҳо, бисёри беморон, ки гирифтори омикрон шудаанд, аз кам шудани иштиҳо ва "туман дар мағзи сар" шикоят мекунанд.
Мутахассисон нишонаи аввали навъи нави коронвирусро - дарди сар мегӯянд, ки ба гунаҳои гуногун, аз ҷумла тариқи набзӣ, фишорӣ ё халанда ҷараён мегирад. Ин дард ҳарду тарафи сарро фаро мегирад.
Таъкид шудааст, ки дарди сар аз омикрон ба дору тобовар буда, метавонад се рӯз давом ёбад.
Дуюмин нишонаи нисбатан густурдаи омикрон рафтани оби бинӣ мебошад. Онро шартан метавон яке аз нишонаҳои COVID-19 хонд, чун зимни гирифторӣ ба вирусҳои дигар низ ҷой дорад. Сулфа низ ҳамчунин.
Муҳаққиқон мегӯянд, дарди гулӯ аз омикрон ба эҳсосот аз сармохӯрдагӣ ё ларингит монанд аст. Он на беш аз панҷ рӯз давом мекунад ва дар афроди синни 18 то 65 дучор мешавад.
Сулфаи хушк фавран пайдо намешавад. Ба гуфтаи олимон, ин нишона баъди чанд рӯзи гирифторӣ пайдо мешавад.
"Нишонаҳои омикрон аз ҳама зиёд ба навъи сабуки делта шабоҳат доранд, ки дар афроди ваксинагирифта мушоҳида мешаванд", - нақл кардаанд мутахассисон.
Таъкид шудааст, ки навъи нави коронавирусро аз сармохӯрдагӣ фарқ кардан мушкил аст, бинобар ин тавсия дода шудааст, ки дар сурати ҷой доштани аломатҳо бояд ташхиси COVID-19-ро анҷом дод.