ДУШАНБЕ, 21 дек — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, зимни суханронии худ ба порлумони кишвар гуфт, ки дар солҳои истиқлол дар бахши энержӣ чӣ гуна тағйирот ба вуҷуд омадааст.
Аз соли 2011 инҷониб кишвар аз бунбасти энергетикӣ баромада, ба системаи ягонаи энергетикӣ гузашт.
Аз ин давра то кунун дар Тоҷикистон 287 иншооти нави энергетики ба истифода дода, қариб 1,5 ҳазор километр хатти баландшиддати нерӯи барқ ва 50 истгоҳ ба истифода дода шуд.
"Дар ҷумҳурӣ 75% тамоми системаҳои энергетикӣ нав карда шуданд. Дар ин муддат тавлиди зиёда аз ду ҳазор киловатт нерӯи барқ ба роҳ монда шуд", - гуфт президент.
Ба соҳаи энергетика беш аз 150 миллиард сомонӣ сармояи хориҷӣ ҷалб шудааст, ки 59 миллиард сомонӣ мустақиман мебошад.
Вай ҳамчунин афзуд, ки ҳоло рушди энержии сабз ва алтернативӣ муҳим аст ва ин бояд яке аз ҳадафҳои асосии рушди давлат гардад.
Ёдовар мешавем, ки дар паёми солонаи худ сарвари давлат натоиҷи соли гузаштаро ҷамъбаст намуда, самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии кишварро барои соли оянда баён мекунад.