ДУШАНБЕ, 21 дек — Sputnik. Президенти Русия Владимир Путин гуфт, Русия бояд ба такмил ва таҳкими нерӯҳои мусаллаҳи худ идома диҳад, менависад РИА "Новости".
Путин ин сухаронро дар нишасти васеи Вазорати дифоъ гуфт. Ӯ афзуд, вазъи низомӣ дар ҷаҳон мушкил боқӣ мемонад.
"Рафиқони азиз, ба базаи мустаҳками солҳои охир, ба заминаи тавонои илмию техники такя намуда, мо, албатта, бояд қувваҳои мусаллаҳи худро минбаъд ҳам такмил диҳем ва мустаҳкам намоем. Вазъ дар ҷаҳон ҳамчунон мушкил боқӣ мемонад: дар як қатор минтақаҳо низоъ афзоиш ёфтааст, маконҳои нави ташаннуҷ ба вуҷуд омадаанд”, - гуфт Путин дар ҷаласаи васеи Вазорати дифои Русия.
Ин дар ҳолест, ки президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон низ зимни ироаи паёми солонааш ба парлумони кишвар ба мавзуи амният дахл кард.
Кишвардори Тоҷикистон бо ишора ба вахомати вазъ дар минтақа барои таҳкими тавоноии артиш дастур дод.
Раҳмон таъкид намуд, ки махсусан ба қӯшунҳои сарҳадӣ, ташкили дурусти ҳайати захираҳои даъвати сафарбарӣ, баланд бардоштани сатҳи касбӣ ва омодабошӣ эътибори аввалиндараҷа дода шавад.
Ба гуфтаи раисҷумҳури Тоҷикистон, муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир яке аз сарчашмаҳои асосии маблағгузории терроризми байналмилалӣ мебошад, ки бо дигар ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ, аз ҷумла, ифротгароӣ, савдои одамон ва харидуфурӯши силоҳ робитаи ногусастанӣ дорад.