ДУШАНБЕ, 20 дек — Sputnik. Дар вилояти Суғд поин рафтани нархи бензин ва сӯзишвории дизелӣ дар нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ мушоҳида шудааст, хабар медиҳанд "Sugdnews".
Ба иттилои манбаъ, ин навъи сӯзишворӣ дар нуқтаҳои фурӯши сӯзишвории қад-қади роҳи Хуҷанд - Истаравшан нисбат ба нуқтаҳои фурӯши сӯзишвории Хуҷанд каме арзонтар фурӯхта мешавад:
Бензини АИ-92 - 10,40 сомонӣ (0,92 доллар);
солярка – 10,50 сомонӣ (0,93 доллар);
сӯзишвории дизелӣ - 10,70 сомонӣ (0,94 доллар).
Дар ҳоле ки дар Хуҷанд ҳамин навъи бензин 10,90 сомонӣ (0,96 доллар), сӯзишвории дизелӣ 11 сомонӣ (0,97 доллар) фурӯхта мешуд.
Дар мавриди гази моеъ бошад, нархи он тағйир наёфтааст. Дар нуқтаҳои фурӯши сӯзишвории Суғд арзиши миёнаи он 7,20-7,30 сомонӣ (0,63-0,64 доллар) аст. Ин маънии онро дорад, ки арзиши гази моеъ тайи як ҳафтаи ахир тағйир наёфтааст.
Кормандони НФС мисли пештара коҳиши арзиши маводи сӯхтро бо воридоти нав алоқаманд медонанд.
Қобили зикр аст, ки дар Тоҷикистон, тибқи иттилои расмӣ, беш аз 60 дарсади ронандагони нақлиёт истифода аз гази моеъро афзал медонанд. Аз ин рӯ болоравии нархи он ба арзиши нақлиёти мусофирбар таъсир расонд.
Имрӯз роҳкиро дар минтақаҳои Суғд аз 25 то 50% боло рафтааст.
Имсол дар Тоҷикистон афзоиши рекордии қимати гази моеъ - ҳудуди 9 сомонӣ шудани як литр сабт шуда буд, дар ҳоле ки қаблан қимат танҳо ҳангоми оғози корҳои кишоварзӣ метавонист каме боло равад.