ДУШАНБЕ, 20 дек — Sputnik. Мақомоти умури дохилӣ мегӯянд, бархӯрди маргбори ду "Опел" дар шаҳри Душанбе рух додааст.
Ба иттилои ВУД, нимашаби 18-уми декабр ронандаи 39-солаи "Опел-Астра", сокини ноҳияи Ҳамадонӣ, ҳангоми ҳаракат дар ҳудуди пойтахт аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, бо автомашинаи тамғаи "Опел-Вектра" бархӯрдааст.
Дар натиҷа ронандаи мошини дуюм, сокини 23-солаи шаҳри Душанбе ба ҳалокат расида, ду мусофираш зани 30-сола ва марди 31-сола дар беморхона бистарӣ шудаанд.
Садамаи маргбори дигар дар ноҳияи Восеи вилояти Хатлон ба қайд гирифта шудааст. Ронандаи 27-солаи "Тойота-камри" аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба дарахти тути канори роҳ бархӯрдааст. Дар натиҷа мусофири 30-солаи худрав, сокини ноҳияи Восеъ дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, феълан таҳқиқи ин ҳодисаҳо идома дорад.