Дар Қирғизистон донишҷӯёни хориҷиро азияту ғорат мекунанд: онҳо аз ҳукумат кумак хостанд

Дар Қирғизистон ҳамарӯза ҳолатҳои кӯфтану ғорат кардани донишҷӯёни хориҷӣ рӯ ба афзоиш ниҳодааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 20 дек — Sputnik. Донишҷӯёни покистонӣ, ки дар Қирғизистон таҳсил мекунанд, расман ба ҳукумати ин кишвар муроҷиат намудаанд, хабар медиҳад "24 kg".
Донишҷӯён шикоят намудаанд, ки аз ҷониби ҷавонони ин кишвар пайваста мавриди латукӯб ва ғоратгарӣ қарор мегиранд. Онҳо аз ҳукумат дархости кумак кардаанд.

"Донишҷӯёне, ки дар Қирғизистон таҳсил мекунанд, дигар худро бехатар эҳсос намекунанд. Мо аз ҳукумат хоҳиш мекунем, барои шаҳрвандони хориҷие, ки дар Қирғизистон таҳсил мекунанд, чораҳои амниятӣ андешад", - омадааст дар муроҷиати донишҷӯёни покистонӣ.

Донишҷӯён ҳамчунин талаб намудаанд, ки дар шуъбаҳои корҳои дохилӣ бо назардошти теъдоди хориҷиён тарҷумонҳо бо забони англисиро бештар кунанд.
Қаблан сарусадоҳо дар мавриди таъқиби донишҷӯёни тоҷик дар Қирғизистон низ зиёд буд. Дар робита ба ин ҳатто вазири маорифи Тоҷикистон Муҳаммадюсуф Имомзода дар нишасти матбуотӣ таъкид карда буд.
Вазорат гуфт, барои интиқоли муҳассилини тоҷик аз Қирғизистон ба Тоҷикистон кумак мекунад
Вазир аз донишҷӯёни тоҷик, ки дар Қирғизистон таҳсил мекунанд, даъват намуд, ба Ватан баргарданд ва таҳсили худро дар донишгоҳҳои кишвар идома диҳанд.
Аммо Вазорати маорифи Қирғизистон он замон ин сарусадоҳоро беасос хонд ва зикр намуд, ки донишҷӯёни тоҷик мавриди таъқиб қарор нагирифтаанд ва нохоҳанд гирифт.
Мушкилот дар муносиботи Тоҷикистону Қирғизистон дар пайи муноқишаи марзии моҳи апрел сар зад, ки дар натиҷа Қирғизистон вуруди шаҳрвандон ва бор аз Тоҷикистонро манъ кард.